Абдуллоҳ ибни Масъуд

Абдуллоҳ ибни Масъуд 

Нахустин нағмасари Қуръон

Қабл аз он ки Паёмбар (с) ба ҳавлии Арқам дохил гардад, Абдуллоҳ ибни Масъуд ба ӯ имон оварда буд. У шашумин шахс аз касоне буд, ки ба Паёмбар (с) имон оварда ва пайравии ӯро намуданд. Бар вай ва бар онҳо раҳмати Худо ва саломатӣ аз ҷониби Худо бод!

Ин ҳангом вай аз ҷумлаи _касони садри аввал ва имоновардагон дар сароғоз аст. У аз аввалин мулоқоташ бо Паёмбари Худо (с) чунин нақл мекунад:

– Ман ҷавони ба синни булуғ расида будам ва гӯсфандони Уқба бинни Абимуъайтро мечаронидам. Гузари Паёмбар (с) ва Абубакр (р) ба пеши ман афтид. Ба ман гуфтанд:

– Эй ҷавон, оё шире дорӣ, ки моро бинӯшонӣ?

Ман гуфтам:

– Ман шахси амонатдорам ва шуморо шир нӯшонида наметавонам.

Паёмбар (с) гуфт:

– Оё гӯсфанде дорӣ, ки худро аз қушқорҳо манъ кунад ( яъне саркаш бошад) ва наринае бар вай нарасида бошад?

Гуфтам:

– Оре.

Пас он гӯсфандро ба пешашон овардам. Паёмбар (с) ӯро дастгир кард ва пистонашро масҳ кард ва ба Парвардигораш дуъо кард, пас пистон шир пайдо намуд. Баъд аз он Абубакр (р) як санги чуқурчадореро пайдо намуда оварда аз он шир ҷӯшид. Абубакр (р) аз он шир нӯшид ва ман ҳам нӯшидам. Баъд аз он Паёмбар барои он пистон гуфт:

-Хушк шав!

Хушк шуд.

Баъди ин кор рӯзе ба назди Паёмбар (с) омадам. Гуфтам:

– Маро аз ҳамон суханон биёмӯз.

Паёмбар (с) гуфт:

– Ту ҷавони таълимдидаӣ.

***

Ба таҳқиқ вақте Абдуллоҳ ибни Масъуд бандаи накӯкор ва Расули амонатдори Худоро дид, ки ба даргоҳи Парвардигораш дуъо мекунад ва пистонеро, ки асло шир надоштааст, масҳ мекашад ва ногаҳон аз он шир пайдо мешавад ва ин шир барои нӯшандагон хеле гуворост, моту мабҳут мегардад.

Ва ӯ дар он рӯз дарк карда наметавонист, ки алҳол ӯ хеле муъҷизаи кӯчак ва камаҳамиятро дидааст ва ӯ дар ояндаи наздик аз ин Паёмбар (с) муъҷизотеро хоҳад дид, ки дунёро ба ларза хоҳанд даровард ва онро аз ҳидоят ва нур лабрез хоҳанд намуд.

Балки ӯ он рӯз пай бурда наметавонист, ки ӯ як фарзанди камбағали заъифи мардикор ва чӯпони Уқба ибни Аби Муъайт, яке аз ин мӯъҷизаҳо мегардад. Рӯзе аз ӯ як мӯъмине месозад, ки ӯ ба воситаи имонаш тамоми бузургманишиҳои Қурайшро ба ҳазимат вомедорад ва бар зӯроварии роҳбарони Қурайш пирӯз меояд.

Шахсе, ки қабл аз оварданаш, аз назди маҷлисе, ки дар он яке аз бузургони Қурайш ҳузурдошт гузашта наметавонист ва агар мегузашт танҳо бо сари хам, хомӯш ва босуръат. Акнун барои ҷамъияти дар назди Каъба гирд омадаи сардорон ва пешвоёни Қурайш бо садои баланд ва шево Қуръони Худоро тиловат мекунад.

– Ба номи Худованди бахшандаи меҳрабон.

Худои меҳрубон. Қуръон омӯхт. Ва инсонро офарид. Ва ба ӯ таълими нутқ ва баён фармуд. Ва хуршеду моҳ (ба офариниш ва амри ӯ) бо ҳисоби муайян (ва мадори муназзам) бо ҳам ба гардишанд. Ва гиёҳон ва дарахтон ҳам бо итоъати ӯ сар ба саҷда мениҳанд. (Сураи Ар-раҳмон, оятҳои 1-6).

Ва ӯтиловаташро идома медиҳад. Дар ҳолати даҳшатзадагӣ саркардагони Қурайш бо чашмонашон медиданд ва бо гӯшҳояшон идомаи тиловати ӯро мешуниданд ва бовариашон намеомад, ки ин шахси бо зӯрӣ ва гарданкашии муқобилаткунанда, яке аз мардикорон ва чӯпонони бузургзодаҳои онҳо – Абдуллоҳ ибни Масъуди фақир ва беному насаб аст.

Беҳтараш ин лаҳзаи муассирро шоҳиди воқеии ҳодиса васф кунад. У Зубайр (р) аст.

У мегӯяд:

– Аввалин касе, ки Қуръонро баъди Паёмбар (с) дар Макка ошкоро тиловат кард, Абдуллоҳ ибни Масъуд буд. Зеро рӯзе саҳобагони Расули Худо (с) ҷамъ омада гуфтанд:

– Қасам ба Худо, ки Қурайш ин Қуръонро бо овози ошкорову баланд ҳаргиз нашунидааст. Кист он марде, ки ин Қуръонро ба онҳо бирасонад?

Абдуллоҳ ибни Масъуд гуфт:

– Ман.

Асҳоб гуфтанд:

– Мо аз онҳо дар бораи ту бим дорем, мо касеро мехоҳем, ки қавму қабиладор бошад, то агар дар ҳаққаш коре карданӣ бошанд, аз онҳо манъаш кунанд (яъне ҳимояаш кунанд).

У гуфт:

– Бигузоред маро, ба зудӣ Худо маро аз онҳо ҳимоя мекунад.

Пас ибни Масъуд субҳ ба роҳ баромад за дар вақти чошт ба он мақом расид, ки Қурайшиён дар он маҷлис буданд.

Ба маҷлисгоҳ ворид шуда ва қироат намуд:

– Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим.

Ва овозашро ҳангоми хондан хеле баланд намуд:

– Ар-раҳмон, ъаллама-л- Қуръон.

Баъд аз он рӯй ҷониби сардорон намуда ба қироаташ идома дод.

Пас чанд лаҳзае ба ӯ кордор нашуда ба тарафаш нигоҳ карда гуфтанд:

– Ибни Умми Абд чӣ мегуфта бошад. ? Ба таҳқиқӯ баъзе аз гуфтаҳои Муҳаммадро мехонад.

Пас ба сӯяш бархостанд ва ба рӯяш задан гирифтанд ва ӯ қироаташро, то ҷое ки Худо хост, давом дод.

Вақте ба назди дӯстонаш баргашт, дар рӯяш ва баданаш осори зарбу лат буд.

Ба ӯ гуфтанд:

– Мо аз ҳаминаш барои ту метарсидем.

Абдуллоҳ гуфт:

– Ин душманони Худо ҳеҷ гоҳ дар назари ман хортар аз ин лаҳза набуданд ва агар бихоҳед фардо мисли имрӯз пагоҳӣ бо онҳо мулоқот мекунам.

Асҳоб гуфтанд:

– Барои ту басаст. Он чиро, ки намехоҳанд, ту барояшон шунавонидӣ.

Оре, ибни Масъуд дар он рӯзи нохост шир пайдо кардани пистони гӯсфандонаш дарк карда наметавонист, ки ӯ ва ҳаммаслакони ӯ аз қабили фақирон ва мардуми оддӣ шоҳиди мӯъҷизаҳои бузурги Паёмбар (с) мегарданд ва ливои исломро

баланд мебардоранд, ки ин дурахши ливои бар рӯшании Хуршед ҳам пирӯз мешавад.

У намедонист, ки он рӯз қариб аст.

Вале ба зудӣ он рӯз расид ва соат занги вақтро зад ва он писарбачаи мардикори камбағали бекасу бечора ба мӯъҷизае аз мӯъҷизаҳо мубаддал гашт!

***

Дар миёни ҷамъияти мардум чашми кас ба ӯ ҳеҷ гоҳ барнамехӯрд. (Яъне каси гумном буд). Балки берун аз ҷамъият низ чашмрас набуд.

У дар миёни касоне, ки соҳиби мол буданд, мақоме надошт. Дар миёни ҷамъияти мардуми ҷисман бақувват ва дар миёни шахсони обрӯманд низ шахси шинохта набуд.

Яъне сарватманд набуд, ҷисман харобу лоғар ва аз нигоҳи қадру манзалат гумном буд.

Вале дар ивази фақру нодорӣ барои ӯ аз хазинаҳои Хусрави Парвиз ва Қайсари Рум насибаи комиле ва ҳиссаи зиёде ато менамояд.

Ва дар ивази лоғарии ҷисм ва беқувватии вуҷудаш як иродаи қавие ато кард, ки ҷабборону золимони он даврро мағлуб сохт ва дар дигаргун сохтани маҷрои таърих саҳми худро гузошт.

Ва дар ивази гӯшагирӣ ва гумномиаш Худованд шӯҳрати ҷовидона ва илму шарафе ато намуд, ки ӯро дар байни мардумони машҳури таърих болонишин намуд.

Дар ҳақиқат он пешгӯиеро, ки Паёмбар (с) дар ҳаққи ӯ зикр кард, ба воқеъият рост баромад. Рӯзе Паёмбар (с) ба сӯи ӯ хитоб карда гуфта буд:

– Ту бачаи омӯзишдида ҳастӣ.

Оре, ӯро Парвардигораш омӯзонида буд, то ин ки донишманди уммати мусалмон гардид ва ба марҷаъи тамоми донандагону ҳофизони Қуръон табдил ёфт.

У дар бораи худаш чунин мегӯяд:

– Ман аз забони Паёмбар (с) ҳафтод сураро омӯхтам. Дар ҳоли омӯхтанам касе набуд, то дар гирифтану омӯхтани он ба ман мунозаъат намояд.

Чунин ба назар мерасид, ки Худованд ба ивази дар вартаи хатар андохтани ҳаёташ ва дар замони пинҳонӣ будани даъват наҳаросида дар атрофи Макка ошкоро эълон ва таблиғ кардани

Қуръон ирода карда буд ӯро мукофоте бидиҳад. Ва ин мукофот тарзи ифодаи хос дар тиловати Қуръон ва фаҳму дарки фавқулъодда дар маъонии Қуръон буд, ки Худованд насибаш гардонд.

Паёмбари Худо асҳобро васият менамуд, ки тарзи қироати ибни Масъудро пайравӣ намуда, аз ӯтариқаи ифодаи тиловатро ёд гиранд.

Паёмбар (с) чунин мегуфт:

– Шумо ба роҳу тариқаи тиловати ибни Умми Абд чанг бизанед.

Ва ҷои дигар гуфта:

– Агар касе хоҳад Қуръонро тару тоза бишнавад, ҳамчуноне, ки нозил шудааст, пас онро аз қироати ибни Умми Абд бишнавад.

– Агар касе хоҳад Қуръонро тару тоза қироат кунад, пас бо тарзу услуби ибни Умми Абд қироат кунад.

Ва аксаран Паёмбарро хуш меомад, ки Қуръонро аз даҳони ибни Масъуд бишнавад…

Рӯзе Паёмбар (с) ӯро ба наздаш хонд ва гуфт:

– Барои ман қироат кун, эй Абдуллоҳ…

Абдуллоҳ гуфт:

– Оё барои ту қироат кунам ва ҳол он ки Қуръон ба ту нозил гардид?

Пас Паёмбар (с) гуфт:

Ман дӯст медорам, ки Қуръонро аз дигарон бишнавам…

Ибни Масъуд шурӯъ намуда аз сураи “Нисо” чанд оят тиловат кард, то ин ки ба ин сухани Худо расид: Чӣ гуна аст ҳоли умматҳо (дар рӯзи маҳшар ва чӣ андоза некон сарафроз ва бадон шарманда бошанд) Он гоҳ ки аз ҳар тоифае шоҳиде орем ва туро (эй Паёмбар) бар болои онҳо ба гувоҳӣ хоҳем. Дар он рӯз онон, ки ба роҳи куфр рафта ва нофармонии Паёмбар карданд, орзу кунанд, ки эй кош, ки ба хоки замин яксон буданд (ва ҳашре ба онҳо набуд) Ва аз Худо чизе аз аъмолашонро пинҳон натавонанд кард. (Сураи Ан-Нисо, ояҳои 41-42).

Пас гиря бар Паёмбар (с) ғолиб омад ва чашмонаш аз ашк пур шуд ва бо дасташ ба сӯи ибни Масъуд ишора намуд:

– Кифоя аст туро, кифоя аст, туро эй ибни Масъуд.

Ва ибни Масъуд аз он неъмате, ки Худованд ба ӯ арзонӣ доштааст, чунин ривоят мекунад:

– Қасам ба Худо ҳеҷ чизе аз Қуръон фуруд наёмадааст, магар ки ман донотарам ба он ки барои чӣ нозил гардидааст ва ҳеҷ кас аз ман дида донотар ба китоби Худо нест ва агар бидонам касеро, ки донотар бошад аз ман ба китоби Худо ва имконияте бошад, ки ба сӯи ӯ бо шутур рафта шавад, албатта ба сӯяш хоҳам рафт (барои омухтан) ва ҳол он ки ман аз шумоён беҳтар нестам…

Ва ба таҳқиқ саҳобагони Паёмбар (с) ба ин донишмандӣ ва сабқаташ гувоҳӣ додаанд.

Умар (р) дар бораи ибни Масъуд гуфт:

– У аз илми фиқҳ саршор аст.

Ва Абумӯсои Ашъарӣ чунин гуфтааст:

– То даме, ки ин донишманд дар миёни шумост, аз ман чизе напурсед.

На фақат мумтозии ӯ дар илми фиқҳ ва Қуръон ҷои тавсиф аст, балки ин сабқат дар зуҳду парҳезгории ӯ низ ҳаст.

Ҳузайфа дар бораи тақвову зӯҳдаш гуфта:

– Ман касеро дар роҳнамой ва меҳрубонӣ ва хубии сурат аз ибни Масъуд дида ба Паёмбари Худо (с) монандтар надидаам. Ва касоне, ки аз ҷумлаи саҳобагони Паёмбар (с) соҳиби насибе аз камолот буданд, дониста буданд, ки ибни Умми Абд аз ҳамаи онҳо дида ба Худованд аз рӯи қурбат наздиктараст.

Рӯзе чанде аз саҳобагон дар назди Алӣ писари Абутолиб ҷамъ омада ба ӯ гуфтанд:

– Эй амири мӯъминон, мо ҳеҷ касро аз ибни Масъуд болотар надидаем аз рӯи хубии ахлоқ ва бо меҳрубонӣ таълимдиҳанда ва ҳамнишинии нек ва ниҳоят парҳезгорӣ.

Алӣ (р) гуфт:

– Ман шуморо ба Худо қасам медиҳам, оё ин суханонро аз рӯи садоқату ростӣ мегуед?

Гуфтанд:

-Оре…

Гуфт:

– Худовандо, ман туро гувоҳ мегирам. Худовандо, ман низ монанди гуфтаи инҳоро мегӯям, балки афзалтар аз гуфтаи инҳо. Ба таҳқиқӯ Қуръонро хонда, пас ҳалолҳои онро ҳалол ва ҳаромҳояшро ҳаром эътиқод намудааст, дар умури дин фақеҳ ва дар суннати Паёмбар (с) олим аст.

Ва саҳобагони Паёмбари Худо (с) аз ибни Масъуд чунин ривоят намудаанд:

– У шахсе буд, ки дар лаҳзаҳои маҳҷуб будани мо аз 11.1ромадан ба пеши Паёмбар (с), ба ҳузури Паёмбар (с) медаромад ва ӯ дар фурсатхри гоиб будани мо аз маҷлиси Расули Худо дар ҳузури Паёмбар (с) буд.

Онҳо бо ин гуфтаҳояшон инро дар назар доранд, ки ба таҳқиқ Абдуллоҳ (р) шахсе буд аз ҳамсӯҳбатии Паёмбар (с) лаҳзаҳои нотакрорро дармеёфт ва ғайри ӯ касе наметавонист ба ин даст ёбад. Ба хонаи Паёмбар (с) аз дигарон дида зиёдтар медаромад ва аз дигарон дида бо Паёмбар (с) бештар як ҷо менишаст ва аз дигар саҳобагон дида, аз асрору корҳои пӯшидаи Паёмбар (с) огаҳӣ дошт, то андозае, ки ба ӯ лақаби “дӯст ва ҳамроҳи торикӣ” дода буданд. Яъне, соҳиби асрор.

Абумӯсои Ашъарӣ (р) чунин ривоят мекунад:

– Ман Паёмбарро дар ҳолате дида будам, ки ба ҷуз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р), аз аҳлу хонадонаш каси дигаре набуд.

Сабаби ин ҳамнишиниҳо дар ин буд, ки Паёмбари Худо, (с) ӯро хеле дӯст медошт ва дар вуҷуди ӯ парҳезгорӣ ва зиракӣ ва бузургии рӯҳу қалбашро дӯст медошт… То он ҳадде, ки Паёмбари Худо (с) дар борааш гуфтааст:

– Агар ман касеро бидуни машварати шӯрои мусалмонон амир таъин кардани бошам, албатта ибни Умми Абдро таъин мекунам.

Мо қаблан аз ин васияти дигари Паёмбарро (с) ёдовар шуда будем, ки ба асҳобаш гуфта буд:

– Ба тариқаи ибни Масъуд чанг бизанед…

Ва ҳамин муҳаббат ва ин боварӣ ӯро сазовори он гардонид, ки ба Паёмбар (с) зиёд наздик гардад ва ба ӯ ҳуқуқҳое дода шавад, ки ғайри ӯ ба касе дода нашудааст. Ва Паёмбар (с) ба ӯ гуфтааст:

– Ба ту иҷоза, ки ҳиҷобро бардорӣ.

Пас ин сухан барои ӯ эъломияи ҳуқуқи ӯ буд, ки дар кадом лаҳзаи шабонарӯз, ки бихоҳад, дар хонаи Паёмбар (с) бидарояд. _ Ва ҳамчунин дар ин бора ҳамсӯҳбатонаш ривоят мекунанд: У касе буд, ки дар вақги мамнӯъ будани даромадани мо, иҷозаи даромадан меёфт ва дар лаҳзаҳое, ки мо ғоиб будем, ӯ ҳозир буд.

Ба таҳқиқ ибни Масъуд ба ин мақом сазовор буд. Бо вуҷуди ин ҳамнишинии наздикбо Паёмбари Худо, ки одатан касеро бо ҷуръат мекунад, ибни Масъуд дар ҳузури Паёмбар ниҳояти адаб ва бузургдоштро риоя мекард.

Ва шояд беҳтарин чизе, ки соҳиби ин ахлоқи ҳамида буданро дар ин шахстасвир мекунад, ҳолати зоҳирии ӯ бошад, ҳангоме, ки баъди вафоти Паёмбар (с) ҳадис ривоят мекард.

Бо вуҷуди кам ҳадис ривоят карданаш аз Паёмбар (с), мо ӯро чунин меёбем, ҳамин, ки лабонашро меҷунбонид, то бигуяд: аз Паёмбар (с) шунидаам, ки чунин мегуфт, ӯро ларзаи сахте фаро мегирифт ва дар вуҷудаш аломати изтироб ва беқарорӣ мушоҳида мешуд, аз тарси ин ки мабодо ҳарферо дар ҷои ҳарфи дигаре наниҳода бошад.

Биёед, бародарону дӯстонашро бишунавем, ки дар бораи ин ҳолатҳояш ривоят мекунанд.

Амр ибни Маймун чунин мегӯяд:

– Ман як сол Абдуллоҳ ибин Масъудро муттасил зиёрат кардам ва дар ин муддат надидам, ки ӯ аз Паёмбар (с) ҳадисе ривоят кунад. Магар рӯзе ҳадисе ривоят намуд ва дар забонаш чунин калима омад: Паёмбари Худо (с) гуфт, пас ӯро як вазниние рӯй дод, ки дидам арақ аз пешониаш ҷорӣ гардид. Пас аз он барои пешгирии хато гуфт: Паёмбар (с) як сухане гуфт, ки ба ин гуфтаи ман қариб монанд буд.

Алқама ибни Қайс мегӯяд:

– Абдуллоҳ ибни Масъуд одате дошт, ки ҳар бегоҳии панҷшанбе барои ҳадис гуфтан дар байни мардум бармехост. Ва ман боре ҳам нашунидаам, ки бо ҷумлаи “Паёмбар (с) чунин гуфт’’суханашро огозкарда бошад, магар ҳамагӣ якбор (яъне, ҳадис мегуфт, вале лафзи Паёмбар (с) чунин гуфтро ба забон намеовард – мутарҷим/ Пас ба сӯяш назар кардам, ӯдар ҳоле, ки ба асое такя зада истода буд ва асои ӯ меларзид.

Масруқ аз Абдуллоҳ чунин ривоят мекунад, ки рӯзе ибни Масъуд аз Паёмбар (с) ривоят карда гуфт:

– Ман аз Расули Худо (с) шунидаам… Баъд аз он ларзид ва либосҳои танаш азларзиши ӯмеларзиданд. Пас гуфт: ё мисли ҳамин… ёмонанди ҳамин…

Ҳадди бузургдошти ӯ нисбати Паёмбар (с) ва эҳтиромаш ба ин поя расида буд. Ва ин муносибат қабл аз ҳама баёнгари фаҳму идроки ӯст нисбати ҷоҳу мақоми Расули Худо (с).

Пас марде, ки бо Паёмбар (с) аз дигарон дида бештар ҳамроҳ буд, албатта пай бурданаш ба азамати ин Паёмбар (с) дурусттар аст… Аз ҳамин ҷиҳат нигоҳ доштани адабаш ҳангоми дар ҳаёт будани Паёмбар (с) ва дар ҳузураш ва одоби ёдовариаш баъди риҳлати Паёмбар (с) амри табиӣ ва воқеъист.

***

У чӣ дар сафар ва чӣ дар мақар аз Паёмбар (с) ҷудо намешуд…

Ба таҳқиқ ӯ дар ҳамаи маъракаҳои ҷанг иштирок карда буд ва дар ҷанги Бадр дар қатли Абуҷаҳл, ки ӯро шамшерҳои мусалмонон дар он рӯзи бузург аз пой дароварда буданд корнамоии назаррасе дорад…

Ва халифаҳои Паёмбар (с) ва саҳобагони вай қадру манзалати ӯро хуб мешинохтанд…

Амири мӯъминон Умар (р) ӯро дар байтулмоли Куфа сардор таъин намуд ва дар ҳоле, ки ӯро ба сӯи онҳо фиристод, ба бошандагони Куфа чунин гуфт:

– Қасам ба Худо, ки ба гайри ӯ маъбуде нест, ба таҳқиқ дар фиристодани ибни Масъуд ба сӯи шумо афзалияти қадрдонии ман нисбати шумост, бар қадри худам. Пас азӯибрат бигиред ва биёмӯзед (яъне ман худам мӯқтоҷтарам, ки ӯҳамроҳи ман бошад – мутарҷим).

Ва ба таҳқиқ аҳли Куфа ӯро хеле зиёд дӯст доштанд, ки касе ин қадар ба муҳаббати онҳо сазовор ва ноил нагардида буд. На пеш аз ӯ ва на баъд аз ӯ.

Ва ҷамъ гардидани аҳли Куфа барои изҳори муҳаббат дар атрофи як инсон як корест, мӯъҷизамонанд…

Зеро онҳо қавми саркаш ва ҷангҷӯй ҳастанд. Ба як таъоми воҳид сабр карда наметавонанд (ишора ба саркашиҳои қавми Мӯсо (р) аст) ва оромиву осудагиро ҳеҷ бардошт надоранд.

Камоли муҳаббаташон ба андозае буд, ки чун халифа Усмон (р) хост ӯро аз мансабаш барканор кунад, дар атрофаш ҷамъ шуда ба ӯ гуфтанд: дар назди мо бимон ва нарав, мо намегузорем, ки ҳеҷ газанде ба ту бирасад…

Вале ибни Масъуд бо чанд калимае онҳоро ҷавобе гуфта ва ин ҷавоб бузургии ӯро ва ҳадди парҳезгориашро дар худ муҷассам менамояд:

– Халифаи Расули Худо дар ҳақиқат дар ӯҳдаи ман ҳаққи итоат дорад ва ба зудӣ чанд корҳо ва фитнаҳо бояд ба вуқӯъ оянд ва ман намехоҳам, ки аввалин каси дари ин фитнаро кушоянда бошам…

Воқеан, ин рафтору гуфтори пурҳикмату парҳезгорона моро ба мавзеъгирии ибни Масъуд нисбати халифа Усмон (р) бурда мерасонад, пас дар ҳақиқат байни ибни Масъуд ва халифа Усмон (р) як баҳсе ва ихтилофи назаре рух дод, ки хеле ҷиддӣ ва хатарнок буд.

Ин ихтилоф то андозае расид, ки моҳона ва маъоши Абдуллоҳ аз хазина қатъ гашт. Бо вуҷуди ин ҳама дар ҳаққи халифа Усмон (р) як калима ҳам сухани бад нагуфт.

Балки чун норизоиятии мардум ба ҳадде расид, ки анқариб буд ба инқилоб бурда мерасонд, дар мавқифи тарафдор ва тарсдиҳанда истод.

Чун ба гӯшаш гуфтугӯи қасди ҷони халифа расид, як сухани таърихӣ гуфт:

– Агар ӯро кушта бошанд, баъди ӯ мисли ӯ ҳаргиз халифа нахоҳанд ёфт.

Баъзе аз дӯстони ибни Масъуд чунин мегӯянд:

– Ҳаргиз аз забони ибни Масъуд нашунидаем, ки дар ҳаққи халифа Усмон (р) ягон сухани носазое гуфта бошад.

***

Худованд ҳамчунон, ки ба ӯ тақво дод, инчунин ба ӯ ҳикмат низ ато намуд.

Ва ӯ дорои қобилияти дидани натиҷаи ҳар корро дошт ва қобилияти фавқулъоддаи фасеҳбаёниро низ доро буд.

Биёед масалан ба иборати, ӯ ки ҳаёти Умари бузургворро дар чанд_калимаи ҷомеъ моҳирона баён менамояд, гӯш бидиҳем. У мегӯяд:

– Исломи Умар (р) фатҳ буд ва ҳиҷраташ нусрат ва хилофаташ раҳмат буд.

Ва аз баёни ӯ дар бораи нисбӣ будани замон чунин мегӯяд:

-Дар ҳақиқат, дар назди Парвардигори шумо шабурӯз нест, нури осмонҳо ва замин аз нури рӯи ӯст.

Ва ӯ дар бораи кору меҳнат ва аҳамияти он дар баланд бардоштани дараҷаи маданиятнокӣ барои соҳибаш чунин мегӯяд:

– Ман мардеро бад мебинам, ки бекор бошад ва дар ягон кори дунё ва ё кори охират машгул набошад.

Ва аз суханони ҷомеъи ӯ:

– Беҳтарини сарват боигарии нафс аст ва беҳтарини тӯша тақвост ва бадтарини нобиноӣ кӯрии дил аст ва бузургтарини хатоҳо дурӯг аст ва зишттарин касб рибо (судхӯрӣ) аст ва ҳаромтарин хӯрданиҳо моли ятим аст. Ва касе, ки авф кунад, Худованд ӯро авф менамояд ва касе, ки магфират кунад, Худованд мар ӯро магфират менамояд.

***

Ин шахс Абдуллоҳ ибни Масъуд аст, ҳамсӯҳбат ва ёри Паёмбари Худо (с).

Ва ин ривоятҳо партаве аз зиндагии бузургмардест, ки соҳиби он дар роҳи Худо ва Расулаш (с) ва динаш онҳоро сипарӣ намуда ҳаёт ба сар бурдааст.

У марде буд, ки ҷисмаш ба андозаи ҳаҷми гунҷишк, лоғар, кӯтоҳ, то андозае, ки як шахси нишаста баробари қомати рост истодаи ӯ буд.

Соқҳои пояш хароб ва борик буданд. Рӯзе ба болои дарахте баромад, то барои Паёмбар (с) шохчае бишканад. Саҳобагон соқҳои борики ӯро дида хандиданд.

Расул (с) гуфт:

– Соқҳои ибни Масъудро механдед, ҳар оина барои он соқҳо еазнест дар тарозуи аъмол назди Худо вазнинтар аз кӯҳи Уҳуд.

Оре, ин марди фақир, мардикор, лоғар ва беқувват, касест, ки имон ва яқинаш аз ӯ пешвое аз пешвоёни хайр, ҳидоят ва нур гардонидаанд.

Ва ба таҳқиқ ӯ аз тавфиқи додаи Худованд ва неъматҳои Худованд чандон бонасиб гашта буд, ки ӯро аз ҷумлаи даҳ нафар бузургони садри аввал аз саҳобагони Паёмбар (с) гардонид. Онҳое, ки дар ҳолати дар рӯи замин дар қайди ҳаёт буданашон ба ризои Худо ва ҷаннати ӯ башорат ёфта буданд.

У дар тамоми маъракаҳои зафармандонаи Паёмбар (с) ва халифагони баъди вай иштирок дошт.

Ва шоҳиди он буд, ки дар замон ва асри ӯ ду имперотурӣ дарҳояшонро аз рӯи итоат барои ва иродаҳои исломӣ аз тарс кушоданд.

Ва медид, ки чӣ гуна мансабҳои давлатӣ, довталабони худро аз миёни мусалмонон меҷустанд (яъне хеле зиёд буд ва касе лозим буд, ки онро ишғол кунад) ва дид, ки молҳои дунё пеши мусалмонон пош мехӯрад. Вале ҳеҷ чизе аз инҳо (мансаб ва мол) ӯро аз аҳде, ки бо Худо ва Расули ӯ карда буд, ба худ машғул насохт ва ҳеҷ машғулкунанда ва бероҳакунандае ӯро аз итоатгорӣ ва тавозӯъмандӣ дар баробари Худо ва манҳаҷи зиндагониаш бероҳа накард.

Ва дар дили ӯ аз орзуву ҳавасҳои дунё ҳеҷ чизе набуд, магар як орзу, ки доим бетоқатона онро мехост ва онро такрор мекард ва орзуяш мекард, ки кошкӣ ба он мерасид.

Биёед суханони ӯро гӯш бидиҳем, то бо мо аз он орзуҳояш қисса кунад:

– Ман дар нимишабӣ аз бистари хобам бархостам, дар ҳоле ки ман бо х,амроҳии Паёмбари Худо (с) дар газои Табук будам. Пас дар як гӯшаи лашкаргоҳ оташеро мушоҳида намудам. Паи он рафтам, то ба он бингарам. Дар он ҷо Паёмбари Худо (с) ва Абубакру Умарро дидам ва дар он ҷо Абдуллоҳ Зубиҷодайни ал-Музанӣ мурда буд ва он ҳолат онҳо барои ӯ гӯр канда буданд ва Паёмбар (с) дар дохили гӯр буд ва Абубакру Умар (р) он ҷасадро ба сӯи ӯ дароз мекарданд ва Паёмбар (с) мегуфт:

– Бародаратонро ба ман наздик биёред.

Пас ӯро ба сӯяш дароз карданд. Вақте ки ӯро дар лаҳад хобонид ва омодааш сохт, гуфт:

Худовандо, ба таҳқиқ ман то ҳамин бегоҳ аз вай розӣ будам, пас ту низ аз вай розӣ бош…

– Эй кош, ман соҳиби он қабр мебудам.

***

Ҳамин буд орзуи ягонаи вай, ки доим дар дунё онро умед мекард.

Ва ин орзу, ҳеҷ гуна алоқае ба он орзуву ҳавасҳои мардум, ки одатан ба сӯи он рағбати зиёд доранд, аз ҷумлаи аслу насаб, боигарӣ, мансаб ва обрӯ надорад. Зеро ин орзуи шахсест, ки дорои дили бузург ва нафси (вуҷуди) азим ва яқини устувор аст. Марде, ки Худованд ӯро ҳидоят намудааст ва Паёмбар (с) тарбияташ карда ва Қуръон пешвояш будааст.

***

Этот пост был создан нашим пользователем с помощью очень удобной и простой формы загрузки. Поделитесь с миром своими постами!

Жалоба

Проголосуйте:

9 баллов
За Против

Автор support_somoni

Добавить комментарий

Ҳамза ибни Абдулмуталлиб