ПОСБОНӢ

Эй нафаре, ки Худованд АЗ МОЛАШ бароят ато карда аст!Ниёзи ту ба муҳтоҷон бештар аз ниёзи онҳо ба сӯй ту аст.

Онҳо ба МОЛИ ту ниёз доранд, аммо ту ба АҶРУ ПОДОШЕ, ки дар онҳост ниёз дорӣ!

Фақирон барои ДУНЁИ худ ба ту ниёз доранд, вале ту барои ОХИРАТАТ ба онҳо ниёз дорӣ!Ниёзмандии охират сахттар аст ва бартараф намуданаш муҳимтар!

Ёрӣ мекунӣ, то ёрӣ бубинӣ!

Пас баракс кӯмаки онҳо ба ту бештар аст!

Онҳо на ДАРДИ САР дар ҷомеа, балки замине барои кишт кардани савобанду кушояндаи дари Ҷаннатанд.

Имоми бузургвори фиқҳу ҳадис, СУФЁНИ САВРӢ чун муҳтоҷеро пушти дари худ медиданд, мегуфтанд:“МАРҲАБО БА НАФАРЕ, КИ БАРОИ ШУСТАНИ ГУНОҲҲОИ МАН ОМАДА АСТ”

Модарамон ОИША (р) ба ҳангоми садақа кардан дирҳамҳояшонро МУШК МОЛИДА сипас инфоқ менамуданд.Чун аз сабаби ин одат пурсиданд, гуфтанд:”Зеро ин дирҳамҳо пеш аз онки ба дасти муҳтоҷон бирасад, ба ДАСТИ ХУДО мерасад, ман дӯст дорам, ки моли ман хушбуй шуда ба дасти Холиқам бирасад.”

Аҷаб завқе дар эҳсон, ва аҷаб зебоие дар ато!

Яке масалан мегуяд:Муҳтоҷон бояд шукр гӯянд, ки ман эшонро кумак намудаам.Ин нафар монанди шахсест, ки хирман андухта ва бо шуълае онро оташ зада аст.

Эй мунфиқ ҳушёр бош!

Аз соҳиби хирмани сухта дида бадтар, онест, ки ба зоҳир зоҳид аст, ба забонаш миннат намекунад, вале ба дилаш мегӯяд: Муҳтоҷ бояд қадри ман бидонад, зеро агар ёрии ман набуд… Худро дар қалбу фикраш болои фақир мунъим мебинад.

Худо индуро бад дида аст!

Медонед сирраш дар чи аст?!Зеро ин ду аз ҳисоби моли Худо суистифода кардаанд.Бо моли Худо хостаанд манзалату эҳтиром ба даст оранд.Мунъими ягона Ӯ Таъолост!Дӯст надорад, ки касе аз номи Ӯ бо моли Ӯ суистифода кунад ва нафси фақиру кучакашро мунъим шуморад.

Аммо дигаре масалан мегӯяд:Шукр, ки дар атрофи ман муҳтоҷоне ҳастанд, ки ба сабаби кумак ба онҳо, ман соҳиби аҷру савоб мегардам.Чи қад неъмати хубе барои мананд.Чи қад барои ман фурсати хубе фароҳам кардаанд.Қуръон гуфта аст:Ингуна ҷавонмард мисоли деҳқонест, ки як дона кишт мекунаду садҳо тонна ҳосил мегирад.

Яке МОЛИ ХУДОРО, дар роҳи Худо, бо ёди Худо, баҳри расидан ба ризои Худо сарф мекунад.Дигаре моли Худоро бо ҳирси нафс, аз бандагони Худо боз медорад то нафсаш сер шавад, вале нафс ҳаргиз СЕР НАМЕШАВАД.Ва агар диҳад ҳам, мехоҳад на номаи аъмолаш, балки нафсаш баҳрае барад.

МУНФИҚ ва МУМСИК ташбеҳе доранд.Масали онон мисли ду шахсест, ки ҳар якеро СУЛТОН бар хазинаҳояш ПОСБОНУ ХАЗИНАДОР таъйин намуда аст. Ва чун султон нафареро ба наздашон фиристад то қисмате аз молро бидиҳанд.

Яке аз онҳо амри султонро иҷро намуда миқдори лозимаро бар фиристодаи султон медиҳад.Вале дигарӣ мегуяд: Хазина азони ман аст ва ҳеҷ касеро дар он ҳаққе нест.

Яке маҳбубу мутеъ аст, дигари ба зудӣ аз вазифааш сабукдуш мегардад.

Вақто Худованд бандагонашро ба инфоқи мол амр намуда аст бо чунин ибора хитоб карда аст:

وآتوهم من مال الله الذي آتاكم (النور 33)

“ВА АЗ МОЛИ ХУДО, ки дар дасти Шумост ба ниёзмандон бидиҳед!” (сураи Нур,33)

Ин оя диққатталаб аст!

АЗ МОЛИ ХУДО, яъне на моли мост!

Гарчи дар дасти мост, вале соҳиби ҳақиқии он Худост!

Ин моле, ки дасти мост, пештар дар дасти дигароне буда аст, ва боз пас аз мо ба дасти касони дигаре хоҳад монд.

Лизо моли Худост на моли мо!Муддати муваққате СОҲИБАШ онро дар ҷайбу ҷевони мо гузошта аст ва моро назора дорад, ки чигуна посбоне хоҳем буд.

Этот пост был создан нашим пользователем с помощью очень удобной и простой формы загрузки. Поделитесь с миром своими постами!

Жалоба

Проголосуйте:

23 балла
За Против

Автор support_somoni

комментарий

Оставьте комментарий

    Добавить комментарий

    Рўзгор ва мероси адабӣи ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ

    Қабристони мусалмонон дар Биробиджан