Родмардоне дар атрофи паёмбар (с) Абдуллоҳ ибни Умар

Муҷтаҳид ва руҷўъкунанда…

Ў дар лаҳзаҳои охири умри дарозаш чунин қисса мекард:

– Ба таҳқиқ ба Паёмбари Худо (с) байъат намудам ва ҳеҷ гоҳ ба сўи қафо барнагаштам ва аҳди кардаамро то имрўз табдил нанамудам.

Ва ба ҳеҷ каси фитнаандоз байъат накардам.

Ва ҳеҷ бандаи мўъминеро аз ҷойгоҳи хобаш бедор нанамудам.

Дар ин чанд калима хулосаи мустаҳкамест барои зиндагонии марди солиҳе, ки зиёдтар аз ҳаштод сол зиндагонӣ кардааст. Он шахсе, ки дар сини 13 солагӣ алоқаашро бо ислом ва Паёмбар (с) оғоз кард. Дар ҳоле, ки ҳамроҳи падараш барои ғазои Бадр хориҷ шуд. Бо умеде, ки дар миёни муҷоҳидон роҳ ёбад, вале Паёмбар (с) ўро аз сабаби хурдсолиаш бозгардонид.

Аз ҳамин рўз, то рўзи мулоқот бо Парвардигораш, ки умраш 85 сол буд, ўро пайгирӣ мекунем. Дар куҷое, ки набошад, ҳамчун шахси кўшишгор ва руҷўъкунанда ба Худо, ки аз роҳу равиши ихтиёркардааш қадри як мўй берун нарафт ва байъати кардаашро ҳаргиз нашикаст ва аҳдеро, ки намуда буд, хилоф накард.

Ба таҳқиқ фазилатҳои чашмгири Абдуллоҳ ибни Умар хеле зиёданд.

Пас илми ў, тавозўъаш, истиқомати ақида ва роҳи ихтиёркардааш, саховаташ, парҳезгориаш ва бурдбориаш дар ибодат ва ростиаш дар чанг задан ба аъмоле, ки намунаи ибрат барои дигарон бошад аз фазоили ўянд.Аз ҳамаи ин фазилатҳо ва хислатҳо ибни Умар шахсияти нодири хеш ва зиндагонии покизаи рости хешро қолабрезӣ намуд.

Ба таҳқиқ, ў аз падараш Умар ибни Хаттоб некии бисёреро омўхта буд ва бо ҳамроҳии падараш аз Паёмбари Худо (с) тамоми некиҳоро ва тамоми азамату бузургиро омухт.

Мисли падараш имони ба Худо ва расулро бисёр нек анҷом дод ва аз ин сабаб мутобиъати ў ҳар қадами Паёмбарро (с) ба дараҷаест, ки ақлҳо дар назди ў хира мемонанд.

Ў нигоҳ мекард, ки Паёмбар (с) дар ҳар кор чӣ хел рафтор мекунад, пас он амалро биъайниҳи ба як диққати том ва худфидоӣ ва итоъатгарӣ иҷро менамуд ва таҷассум мекард.

Масалан ҷое Паёмбари Худо (с) намоз мехонд, ибни Умар низ он ҷо намоз мехонд.

Ва ҷое буд, ки Паёмбар (с) истода дуъо мекард, пас ибни Умар он ҷо истода дуъо мекард.

Ва дар ҷое Паёмбар (с) нишаста дуъо кардааст, Абдуллоҳ низ нишаста дуъо мекард.

Ва ин ҷо дар ин роҳ Паёмбар (с) рўзе аз пушти шутураш поин шуда ва ду ракаъат намоз гузоридааст, пас ибни Умар инчунин мекунад.

Балки ў ба ёд меорад, ки Паёмбар (с) дар Макка пеш аз он, ки аз пушти шутур фуруд ояд ва ду ракаъат намоз хонад, шутури ў дар он ҷо ду бор чарх зад ва шояд шутур ин корро аз пеши худ барои омода шуданаш баҳри нишастан карда бошад.

Абдуллоҳ ибни Умар ҳамин ки рўзе ба он ҷой расид, аввал ду бор шутурашро давр дод, он гоҳ ўро хобонид. Баъд аз он барои Худо ду ракаъат намоз хонд.

Комилан тавре ки пеш аз ин аз Расули Худо (с) дида буд.

Ғояти таваҷҷуҳаш аз пайравии Паёмбар (с) дар сатҳе қарор дошт, ки модари мўъминон Оишаро ба ҳаяҷон оварда буд. Дар ин хусус ў гуфтааст:

– Ҳеҷ кас мисли ибни Умар рафтори Паёмбарро (с) ҳамчунон ки дар асл буд, пайравӣ накардааст.

Ў умри дарози бобаракаташро бо ҳамин муҳаббату дилбастагӣ сипарӣ намуд, то ҳадде ки барои мусалмонон замоне расид, ки марди солиҳе аз онҳо чунин дуъо кард:

– Бор Худоё, Абдуллоҳ ибни Умарро то замоне ман зиндаам, нигоҳ дор, то ба ў пайравӣ кунам. Зеро ман ҳеҷ касро дар амал ва пайравӣ дар шакли исолат ба Паёмбари бузург (с) мўътамадтар аз ў намебинам.

Бо вуҷуди қудрат, тавоноӣ, устувории қадамҳо ва рафтор, дар пайравӣ аз суннату равиши Паёмбар (с) ибни Умар дар ривояти ҳадис аз Паёмбар (с) метарсид ва ҳеҷ гоҳ ҳадисеро ривоят намекард, магар он ҳадисеро, ки тамоми ҳарфҳои он якто-якто дар ёдаш монда бошад.

Дар ҳаққи ў ҳамасронаш чунин гуфтаанд:

– Касе аз асҳоби Паёмбар (с) дар бобати он ки чизе дар ҳадиси Паёмбар (с) зиёд ё кам накунанд, мисли Абдуллоҳ ибни Умар сахт ҳазаркунанда набуд.

Ҳамчунин ў дар вақти фатво доданаш сахт ҳазаркунанда ва сахт эҳтиёткунанда буд.

Рўзе шахсе ба ҳузури ў барои пурсидани фатвое омад. Чун суолашро ба ибни Умар дод, ўро чунин ҷавоб гуфт:– Ман дар бораи он чӣ ту мепурсӣ, илм надорам.

Он мард ба роҳи худ рафт ва ҳанўз аз ибни Умар чанд қадам дур нарафта буд, ки ибни Умар кафҳои дасташро аз шодӣ ва фараҳ ба ҳам молид ва худ ба худ гуфт:

– Аз ибни Умар чизеро пурсиданд, ки намедонист, пас гуфт, намедонам.

Ў аз иҷтиҳод кардан дар фатвояш метарсид, ки мабодо хато накунад, бо вуҷуди ин ки ў мувофиқи таълимоти дини бузурге зиндагонӣ мекард, ки барои шахси дар иҷтиҳодаш хатокарда як савоб ва барои дуруст иҷтиҳодкунанда ду савоб муқаррар намудааст, лекин парҳезгориаш аз ў ҷасорати иҷтиҳодро дар фатво салб намуда буд.

Ҳамчунин тақвояш ўро аз қабули мансаби қозигӣ низ дур нигоҳ медошт.

Дар он рўзгор қозигӣ аз бузургтарин ва баландтарин мансабҳои давлат ва муҷтамаъ ба шумор мерафт ва барои шахси ишғолкардаи ин мансаб сарват ва обрўи бузургеро тазмин мекард.

Валекин ибни Умари Худотарсро ба сарвату обрўй ва қадрдонии мардум чӣ муносибат аст? .

Рўзе халифа Усмон (р) ўро даъват намуд ва аз ў хоҳиши қабули мансаби қозигиро кард. Вале ў узр пеш овард ва қабул накард. Усмон (р) дар ин амр бисёр истодагарӣ ва пофишорӣ намуд. Вале ибни Умар низ дар узр гуфтанаш барои қабул накардан устувор истод.

Пас Усмон (р) ба ў гуфт:

– Оё амри маро қабул наменамоӣ?

Ибни Умар ҷавоб дод:

– Ҳаргиз не. Валекин ба ман расидааст, ки қозиҳо се фирқаанд; қозие, ки ба нодонӣ ҳукм мекунад, пас ў дар оташ аст, қозие, ки ба хоҳиши нафси худ ҳукм мекунад, ў низ дар оташ аст, қозие, ки аз худ иҷтиҳод мекунад, вале хато намекунад, ҳар ду тарафаш баробар аст: на гуноҳе ва на савобе. Ва ман аз ту хоҳиши онро дорам, ки маро аз баҳри Худо аз ин кор халос кунӣ.

Усмон (р) баъди гирифтани аҳд аз ў, ки ҳеч касро аз ин воқеъа хабардор накунад, ўро аз ин амр озод кард. Сабабаш ин буд, ки мақоми ибни Умарро дар дилҳои мардум медонист ва ў метарсид, ки чун шахсони покдоман ва солиҳ аз даст кашидани ибни Умар аз мансаби қозигӣ огаҳӣ ёбанд ва пайравии ўро бикунанд ва аз роҳи пешгирифтаи ў бираванд, ин ҳангом халифа шахси ботақвоеро пайдо карда наметавонад, ки кори қозигиро анҷом бидиҳад.

Дар зоҳир ин рафтори Абдуллоҳ ибни Умар як рафтори салбӣ менамояд. Аммо дар асл ин тавр нест, зеро Абдуллоҳ ибни Умар аз мансаби қозигӣ дар лаҳзае даст накашид, ки ғайри ў дигар касе ба ин мансаб лоиқ набошад. Балки он ҷо бисёре аз ҳамсўҳбатони Паёмбар (с) вуҷуд доштанд, ки соҳиби тақво ва салоҳ буданд ва баръакс баъзе аз онҳо машғул ба ин амали қозигӣ ва фатво буданд. Ва дар даст кашидани ибни Умар аз ин мансаб, маътал гузоштани ин мансаби козигӣ набуд. Ва ин рафтори ў маънои онро надошт, ки ў ин мансабро ба касони салоҳияти онро надошта вогузор карда бошад. Аз ҳамин ҷиҳат, ки (ғайри ў дигарон буданд) ў барои нафси худ онро сазовор дид, ки барои тазкияи нафси худ боқӣ монад ва онро ба зиёд намудани тоъат ва ибодат нумўъ бахшад ва покизааш гардонад.

Дар он даврони футуҳоти ислом дунё барои мусалмонон кушода шуда буд ва молу сарвати фаровон ва мансабу роҳбарӣ зиёд гардида буд.

Ва молу мансаб майли ба дили мўъминон роҳ ёфтан дошт. Ин боиси он гардид, ки баъзе аз ҳамсўҳбатони Паёмбар (с), мисли ибни Умар бо гирифтани роҳи олии зуҳду парҳезгорӣ ва даст кашидан аз мансабҳои бузург ва ғолиб омадан дар муқобили фитнаи мол ва майлу рағбат ба он байрақи муқоваматро баланд бардоранд.

* * *

Ибни Умар шабзиндадор буд ва тамоми шаб ба намоз меистод. Ва субҳро дўст медошт ва онро ба истиғфор ва гиря сипарӣ мекард.

Ў дар овони ҷавониаш хобе дид. Паёмбар (с) он хобро тафсир намуд, ки дар натиҷа шабзиндадориро мунтаҳои орзу, фараҳмандӣ ва хушбахтии Абдуллоҳ гардонид.

Биёед хабари хоб диданашро аз худи ў бишнавем:

– Дар аҳди Расули Худо (с) хобе дидам, ки дар дасти ман истабрақ (навъе аз матоъи ғафси абрешим) буд. Ва гўё ҳар ҷоеро, ки аз биҳишт мехостам, парида маро ба он ҷо мебурд. Ва дидам, ки гўё ду нафар ба пеши ман омаданд ва хостанд маро ба дўзах баранд. Пас малаке пеши роҳи онҳоро гирифт ва ба сўи ман гуфт: (ло тураъ) , яъне, натарс. Пас маро сар доданд.

Пас ин хоби маро апаам Ҳафса ба Паёмбар (с) қисса намуд.

Расули Худо (с) гуфт:

– Абдуллоҳ нек мардест. Агар шабҳо намоз мегузорид, пас ин корро зиёдтар мекард.

Аз ҳамон рўз сар карда то аз дунё риҳлат намуданаш қиёми шабро на дар ҳоли муқимиаш ва на дар сафараш тарк нанамуд.

Ў шаб намоз мехонд ва тиловати Қуръон мекард ва Парвардигорашро бисёр ёд мекард. Ў мисли падараш буд. Дар ҳоле ки оёти тарсро мешунид, оби дидагонаш шаш қатор мешуд.

Убайд ибни Умайр мегўяд, ки рўзе ин оётро дар назди Абдуллоҳ ибни Умар тиловат намудам:

Пас чӣ гуна мекунанд, вақте ки мо аз ҳар гурўҳ шоҳиде биёрем ва туро бар болои онҳо шоҳид созем. Он рўз онон ки кофир шуданд ва нофармонии Паёмбарро намуданд, орзу мекунанд, ки онҳоро замин фурў барад ва ҳамвор гардад ва аз Худованд ҳеҷ суханеро пўшонида наметавонанд. (сураи Нисо, ояҳои 41-42).

Абдуллоҳ ибни Умар гирён шуд, то ҳадде, ки ришаш аз оби дидааш тар гашт.

Рўзе дар байни бародаронаш нишаста ин оятро қироат намуд:

Вой бар ҳоли аз тарозу камкунандагон, онон ки вақте аз мардум гирифтан паймонаро пур мекунанд. Чун барои мардум паймона кунанд ё вазн кунанд, кам бармекашанд. Оё онҳо гумон намекунанд, ки рўзе барангехта хоҳанд шуд, барои рўзи бузург, рўзе, ки мардум барои ҳисоб дар назди Парвардигорашон ба по меистанд. (сураи Мутаффифин, ояҳои 1-6).

Баъд аз он ў ин пораи оятро такрор кардан гирифт:

Явма яқуму-н-носу лирабби-л-ъоламин.

Ва оби дидагонаш мисли селоб рехтан гирифт. То ҷое, ки аз зиёдатии гиря ва ҳаяҷон беҳўш шуд.

* * *

Ба таҳқиқ саховатмандиаш ва майл надоштанаш ба дунё ва парҳезгориаш якҷоя дар як муттаҳидии фавқулъодда амал мекарданд, то равшантарин фазилатҳои ин шахсияти бузургро муҷассам созанд. Ў бисёр мебахшад, медиҳад, зеро саховатманд аст.

Ва аз моли ҳалол медиҳад, зеро парҳезгор аст.

Ва боке надорад, ки саховаташ ўро фақир месозад, зеро ки ба дунё майл надорад.

Ибни Умар аз ашхосе буд, ки соҳиби даромади фаровон буд, зеро ў тоҷири амонатнигоҳдори бобарор буд. Як қисми ҳаёташро ба ин касб сарф карда буд ва аз байтулмол низ моҳонаи зиёде мегирифт. Лекин ў ин молҳоро фақат барои нафси худ захира намекард, балки онҳоро ба фақирон, мискинон ва талбандагону гадоён мефиристод.

Аюб ибни Воили Росибӣ аз яке аз бахшишҳои ў чунин ривоят мекунад:

– Рўзе барои ибни Умар чор ҳазор дирҳам ва ҷомае оварданд.

Рўзе баъд Аюб ибни Воил ўро дар бозор мебинад, барои аспаш хўрока ба насия мехарад, яъне қарз.Пас ибни Воил ба назди аҳли хонаводаи ибни Умар меравад ва аз онҳо мепурсад:

– Оё дина барои Абиабдурраҳмон, яъне ибни Умар чор ҳазор дирҳам ва як ҷома наоварданд?

Гуфтанд:

– Оре.

Ибни Воил мегўяд:

– Ман ўро дар бозор дидам, ки барои аспаш алаф мехарид, вале ў пул надошт.

Гуфтанд:

– Ў дина то ҳамаи он пулҳоро тақсим накард, хоб накард. Баъд он ҷомаро гирифта ба пушташ партофт ва берун баромад. Вақте, ки баргашт, ҷома ҳамроҳаш набуд.

Мо аз ў пурсидем, ки ҷома куҷост?

Ў гуфт:

– Ба фақире додам.

Пас ибни Воил дар ҳоле, ки кафҳои дасташро ба ҳам мезад, аз хона баромад ва ба бозор омад ва дар баландие баромад ва дар байни мардум фарёд кашид:

– Эй ҷамоъаи тоҷирон!

– Дунёро чӣ кор мекунед, бубинед, ки ба пеши ибни Умар чор ҳазор дирҳамро меоранд, то субҳи рўзи дигар барои алафи аспаш пул қарз мекунад!

– Огоҳ бошед, ки касеро, ки Муҳаммад (с) устоди ў бошад ва Умар (р) падараш бошад, шахсияти хеле бузург аст ва ҳамвазнаст барои ҳар бузург!

Ба дурустӣ, ки саховат ва дурӣ аз дунё ва парҳезгориаш, ин се хислати Абдуллоҳ ибни Умар буданд, ки дар назди Абдуллоҳ аз ростӣ дар пешвоӣ ва ростӣ дар фарзандӣ ҳикоят мекардаанд.

Чиро чашмдор бояд шуд, ба ғайри ин гуфтаҳо?

Аз шахсе, ки дар пайравии Расули Худо (с) то ҳадде дақиқ кўшиш мекунад, ки шутури худро дар ҷое боз медорад, ки рўзе Расули Худо (с) шутурашро онҷо боздошта бошад ва мегўяд:

– Шояд сумби шутур дар ҷои сумби шутури Паёмбар (с) афтад.

Ва аз шахсе, ки дар пайи эҳсони падараш, бузургдошти ў ва мафтун шудан аз рафтори ў меравад, ки то андозае корҳоеро пайравӣ мекунад, ки шахсияти Умар (р) дар ҳаққи душманонаш лозим медонист, гузашта аз он ҳуқуқе, ки дар ҳаққи хешовандон ва фарзандонаш қоил буд.

Ман мегўям, ки : лоиқ нест барои шахсе, ки то он андоза ба Паёмбар (с) ва падараш нисбат дорад, барои моли дунё ғулом гардад.

Дар ҳақиқат мол ба сўи ў фаровон меомад, лекин аз назди ў монанди роҳгузар мегузашт.

Саховатмандии ў роҳе ба сўи фахру кибр ва ба сўи ба некӣ сухан гуфтан байни мардум набуд.

Аз ҳамин ҷиҳат буд, ки ў саховаташро хосса барои мўҳтоҷон ва фақирон мекард ва ў кам дар ҳолате буд, ки танҳо таъом бихўрад.

Ба худ лозим медонист, ки бо ҳамроҳаш ятимон ва фақирон бошанд ва аксар вақт фарзандонашро сарзаниш мекард, чун медид, ки онҳо барои сарватмандон зиёфат медиҳанд ва ҳамроҳи онҳо фақирон намеоянд. Ва ба фарзандонаш мегуфт:

– Шумо шикамсеронро ба зиёфат даъват макунед ва гуруснагонро тарк макунед.

Фақирон ва бечорагон шафқати ўро шинохта буданд ва ширинии эҳсон ва меҳрубониашро чашида буданд. Дар роҳаш менишастанд, то онҳоро ҳамроҳаш ба хонааш барад. Ҳолатҳое буд, ки чун ўро медиданд, мисли гурўҳи занбўрҳои асале, ки бо мақсади макидани шираи гулҳо ба онҳо мечаспанд, атрофашро мепечониданд.

* * *

Мол дар назди ў хидматгор буд, на хоҷа.

Як василаи зиндагӣ буд, на исроф ва ғутта хўрдан дар неъмат.

Ва мол танҳо аз ў набуд, балки дар он барои фақирон ҳаққи маълуме буд, балки ҳаққи баробар буд, ки ҳиссаи ҳар яке фарқ карда намешуд.

Ўро дар ин саховатмандии зиёдаш дурӣ аз муҳаббати дунё ёрмандӣ мекард.

Ибни Умар аз шахсиятҳое набуд, ки худро барои дунё ҳалок созад ва барои ҷамъ карданаш низ кўшиш намекард, балки ҳатто орзуи дунёро аз он беш надошт, ки аз либос он миқдоре бошад, ки ҷасадашро пўшад ва аз таъом он миқдоре, ки қомати хамидаро рост нигоҳ дорад.

Рўзе яке аз бародаронаш, ки аз Хуросон омада буд, барояш як ҷомаи қимат ва бисёр зебо овард ва ба ў гуфт:– Ин либосро аз Хуросон бароят овардам ва агар аз танат ин либоси дуруштро берун кунӣ ва ин либоси зеборо бипўшӣ, чашмони ман равшан мешаванд.

Ибни Умар ба ў гуфт:

– Либосро ба ман нишон бидеҳ.

Баъд аз он ўро ба даст санҷид ва гуфт:

– Оё либоси шоҳии ҳарир аст?

Дўсташ гуфт:

– Не, ба таҳқиқ аз пахта аст.

Пас каме он либосро тамошо кард баъд аз он ба дасти дўсташ баргардонида дод ва гуфт:

– Не, барои нафси худам метарсам. Метарсам, ки маро мутакаббир ва фахркунанда нагардонад ва Худованд ҳеҷ як мутакаббири фахркунандаро дўст намедорад.

Рўзе як дўсти дигараш як зарфи пурро ба ў ҳадя кард.

Ибни Умар пурсид:

– Ин чист?

Гуфт:

– Ин доруи бисёр қиматест, ки бароят аз Ироқ овардаам.

Ибни Умар гуфт:

– Ин даво чӣ чизро табобат мекунад?

Гуфт:

– Ҳазми таъом мекунад.

Ибни Умар табассуме намуд ва ба дўсташ гуфт:

– Ҳазми таъом мекунад? Ман чиҳил сол аст, ки ба серӣ таъом нахўрдаам.

Ў шахсест, ки чиҳил сол аз таъом сер нагаштааст ва ин корро на аз рўи камбағалӣ ва нодорӣ кардааст, балки аз рўи дунёбезорӣ ва парҳезгорӣ ва аз рўи пайравӣ кардан ба Расули Худо (с) ва ба падараш.

Ў аз он метарсид, ки дар рўзи қиёмат барояш бигуянд, ки шумо хушиҳои зиндагиатонро дар ҳаёти дунявиатон гузаронидед ва аз он баҳра бурдед.

Ў дарк мекард, ки дар дунё мисли меҳмон ва ё роҳгузар аст.

Ў дар бораи худ чунин ривоят мекунад:

– Ман аз замоне, ки Паёмбари Худо (с) даргузашт, хиштеро болои хиште нагузоштаам ва дарахте нашинондаам.

Маймун бинни Мўҳрон чунин мегўяд:

– Рўзе ба назди ибни Умар даромадам ва тамоми ашёи хонаашро, ки иборат аз кўрпача, кўрпа ва гилем ва ҳама чизеро, ки дар хона буд, барои худам қимат гузоштам. Чунин ёфтам, ки ба сад дирҳам намерасид!Ин кори ў аз рўи камбағалӣ набуд. Ба таҳқиқ ибни Умар сарватманд буд.

Ва ин кораш аз рўи бахилӣ набуд, зеро ў дасткушод ва саховатманд буд.

Вале ба таҳқиқ аз рўи дунёбезорӣ ва бад дидани исроф ва фурў рафтан дар неъмат ва зарур донистани роҳи ихтиёркардааш дар ростӣ ва парҳезгорӣ буд.

Ибни Умар умри дарозе дид ва дар асри хулафои Уммавӣ зиндагонӣ кард, ки молу сарват фаровон буд ва киштзорҳо зиёд шуданд ва сарватмандӣ ва серию пурӣ бисёре аз хонадонҳоро, балки аксари қасрҳоро ба коми худ кашид. Бо вуҷуди ин ҳама ин шахсияти ба кўҳи бузург монанд, ҳамчунон гарданфароз ва устувор боқӣ монд. Аз роҳи ихтиёркардааш берун нарафт ва парҳезгорӣ ва дунёбезории худро аз даст надод.

Ҳар гоҳ ки лаззатҳои дунё ва матоъи онро дар назди ў зикр мекарданд, ки ў аз онҳо гурезон буд, мегуфт:

– Ман бо ҳамсўҳбатонам ба коре аҳду паймон баста будем ва ман метарсам, ки агар мухолифаташон кунам, ба онҳо дигар нарасам.

Баъд аз он дигаронро мефаҳмонд, ки дунёи онҳоро аз рўи оҷизӣ тарк накардааст. Пас дасташро ба сўи осмон баланд менамуд ва мегуфт:

– Бор Худоё, ту хуб медонӣ, ки агар тарси ту намебуд, мо албатта қавми худамон, Қурайшро дар ҳамин дунё ҳам музоҳим мешудем. (яъне дар рақобати дунё ба онҳо ғолиб мешавем).

* * *

Оре, агар тарси Худо намебуд ҳар оина дар ин дунё ба дигарон музоҳим мешуд ва албатта аз ҷумлаи ғолибон мебуд.

Балки ў ба музоҳим шудан ба дигарон ҳоҷат надошт, зеро худи дунё ба сўи ў саъй мекард ва бо лаззатҳо ва ангезаҳояш ўро дунболагирӣ менамуд.

Оё ин ҷо аз мансаби Хилофат дида ангезае болотар ҳаст?

Ба ибни Умар ин мансаби Хилофатро борҳо пешниҳод намуданд, вале ў аз ин кор саркашӣ намуд, то ҳадде ки агар қабул накунад, ба куштанаш таҳдид намуданд, вале ў қабул накард ва рўй гардонд.

Ҳасан (р) мегўяд:

– Вақте ки Усмон бинни Аффон (р) кушта шуд, ба Абдуллоҳ ибни Умар гуфтанд:

– Ту пешвои мардум ҳастӣ ва фарзанди пешвои мардумӣ, берун ой, то ба ту байъат намоем.

Гуфт:

– Қасам ба Худо, тавонои онро надорам, ки ба сабаби ман қадри олудагии наштар хун рехта шавад.

Гуфтанд:

– Ё қабул мекунӣ ё кушта мешавӣ.

Пас ба онҳо сухани аввалаашро ҷавоб дод.

Пас дар тамаъ афкандандаш ва тарсонидандаш. Аммо аз вай чизе гирифта натавонистанд.

Ва дар оянда, дар ҳоле ки замон мегузашт ва фитнаҳо зиёд мешуданд, ибни Умар ҳамеша мавқеи орзуи мардум буд. Мардум исрор мекарданд, то мансаби хилофатро қабул намояд ва барои байъаташ биёянд, вале ў доимо рад мекард.

Дар сарчашмаи ин рад кардани мансаб норавшанӣ ва ишколе ворид мешавад, ки ба ибни Умар равона карда мешавад (яъне ба таври манфӣ).

Лекин ибни Умар дар ин рафтораш мантиқи хос ва ҳуҷҷати хоси худро дорад.

Баъди куштани Усмон (р) корҳо бад шудан гирифтанд ва шакли печида ва ҷиддиеро ба худ гирифтанд, ки эълони бадӣ ва хатар мекард. Ва ибни Умар агарчанде аз мақоми хилофат гурезон буд, лекин масъулиятҳои онро қабул мекард ва хатарҳояшро бардошт менамуд, аммо ба шарте ки тамоми мусалмонон ўро ихтиёр кунанд ва итоъаташ намоянд бо ихтиёри худ. Аммо агар як нафар ва на аз ин зиёда барои байъати ў бо зўрии шамшер маҷбур карда шавад, инро ибни Умар қабул надорад ва бо ҳамроҳии ин мансаби хилофатро низ рад мекунад.

Вале дар он лаҳзаҳо бо вуҷуди фазлу бузургии ибни Умар ва якҷоя будани мардум дар муҳаббат ва бузургдошти ў ин кор номумкин буд. Зеро васеъ шудани низоъҳо байни қавму шаҳрҳо ва дурии онҳо аз якдигар ва ба гурўҳҳо тақсим шуданашон. Чун ки байнашон даргириҳо афтода буд ва якдигарро ба шамшер даъват мекарданд ва ин ҳодисаҳо муҳитро барои он омода намекарданд, ки он иҷмоъеро, ки ибни Умар шарт гузошта буд, ҳосил гардад.

Рўзе ўро як марде мулоқӣ шуд ва гуфт:

– Ҳеҷ касе барои уммати Муҳаммад (с) аз ту дида бадтар нест.

Ибни Умар гуфт:

– Чаро? Қасам ба Худо ман хуни умматро нарезондаам ва ҷамъияти онҳоро парешон нанамудаам ва асои ваҳдати онҳоро нашикастаам.

Он мард гуфт:

– Дуруст, ки агар ту бихоҳӣ, барои ту ҳатто ду нафар ихтилоф намекунанд.

Ибни Умар гуфт:

– Ман дўст намедорам, ки ин интихоб ба болои ман ояд ва марде бигуяд -не ва дигаре бигуяд -оре.Ва ҳатто баъди он ки ҳодисаҳо ба дарозо кашиданд ва кор дар Муъовия қарор гирифт, баъд аз он ба писараш Язид. Баъд аз он Муъовияи сонӣ ибни Язид, баъди чанд рўзи хилофатро соҳиб шуданаш аз он даст кашид.Ҳатто дар он рўз, ки ибни Умар муйсафеди калонсоле шуда буд, ҳоло ҳам мавқеъи таваҷҷуҳи мардум буд барои хилофати вай. Аз ин сабаб Марвон ба сўи ў рафта гуфт:

– Дастатро ба ман бидеҳ, то ба ту байъат намоям, зеро ту пешвои Араб ва фарзанди пешвои Араб ҳастӣ.

Ибни Умар гуфт:

– Пас бо аҳли машриқ чӣ кор мекунем?

Марвон гуфт:

– Онҳоро мезанем, то ин ки байъат намоянд.

Ибни Умар гуфт:

– Қасам ба Худо, ман орзуе надорам, ки ҳафтод сол агар хилофат азони ман бошад ва ба сабаби ман як мард кушта шавад.

Пас Марвон боз гашт дар ҳоле, ки чунин шеъреро замзама мекард:

Ман фитнаеро мебинам, ки дега аз қаҳру кина меҷўшад.

Ва мулк баъди Абилайло барои касест, ки ғолиб ояд.

Бо таъбири Абилайло Муъовия бини Язид дар назар дошта шудааст.

* * *

Ҳамин инкор кардани истифодаи қувват ва шамшер боиси он гардид, ки ибни Умар дар фитнаи мусаллаҳонаи байни тарафдорони Алӣ ва тарафдорони Муъовия мавқеъи бетарафӣ ва гўшагириро ихтиёр кард ва барои худ ин маъниро шиор ва роҳи ихтиёркардааш гардонид:

– Касе гуяд ба сўи намоз биё, меоям (қабул дорам) ва касе бигўяд ба сўи наҷот биё, меоям (қабул дорам) ва касе гуяд, ки барои куштани бародари мусалмон ва гирифтани моли ў биё, мегўям:

– Не.

Лекин дар лаҳзаҳои гўшанишинӣ ва бетарафиаш низ ҳаргиз бо ботиле ёрӣ надода ва ҳамкорӣ нанамудааст. Бисёр вақт бо Муъовия, ки ў дар авҷи салтанат буд, дар сатҳе мухолифат мекард, ки Муъовияро дардманд ва ошуфта месохт, то ҳадде ки Муъовия ўро таҳдид ба куштан намуд.

Бо вуҷуди ин ки Муъовия шахсе буд, ки мегуфт:

– Агар байни ман ва байни мардум мўеро гузоранд, ҳаргиз канда нахоҳад шуд.

Рўзе Ҳаҷҷоҷ дар ҳоли хутбахониаш гуфт:

– Ба дурустӣ, ки ибни Зубайр китоби Худоро таҳриф намудааст.

Пас ибни Умар дар рўи ў фарёд зад:

– Дурўғ гуфтӣ. Дурўғ гуфтӣ. Дурўғ гуфтӣ.

Ҳаҷҷоҷ чӣ кор карданашро намедонист ва инкори ногаҳонӣ ўро чун раъду барқ зарба зад, ҳол он ки ҳама аз Ҳаҷҷоҷ метарсиданд. Пас ў дар ҳоле, ки ибни Умарро ба бадтарин ҷазоҳо таҳдид намуд, бирафт.

Ва ибни Умар дар рўи Ҳаҷҷоҷ дасташро афшонда дар ҳоле, ки мардум дар ҳайрат буданд, ўро чунин ҷавоб дод:

– Агар он чизеро, ки ту ваъда мекунӣ ба ҷо биёварӣ, ҳеҷ аҷаб нест, зеро ту шахси беақли соҳибқудрат ҳастӣ.Бо вуҷуди қудрат ва ҷуръаташ то охири умр ба он ҳарис буд, ки дар фитнаҳои мусаллаҳ шарикӣ ва даст надошта бошад. Ў ба сўи ягон гурўҳе майл наменамуд.

Абулолия ал-Барроъ мегўяд:

– Рўзе ман аз паси ибни Умар мерафтам ва ў аз будани ман огоҳӣ надошт. Шунидам, ки ў мегуфт:

– Шамшерҳояшонро дар сари китфашон ниҳодаанд ва якдигарро мекушанд ва мегўянд:

– Эй Абдуллоҳ ибни Умар дастатро бидеҳ.

Вақте медид, ки хунҳои мусалмонон бо дастони худи онҳо мерезад, аз ғояти ҳузну алам пора мешуд.

Ва ў шахсе буд чунончи дар аввали сухан аз ў гуфта гузаштем:

– Ҳеҷ мўъминеро аз бистари хобаш бедор накардааст.

Агар қудрат медошт, дар муқобили ҷанг меистод ва рехтани хунро манъ мекард, лекин рафти ҳодисаҳо аз ў дида қавитар буданд. Пас худро аз онҳо канора гирифт.

Воқеъан, дили ў бо Алӣ (р) буд, балки яқинаш низ чунончи зоҳир мегардад бо Алӣ (р) буд. Ҳатто ривоят мекунанд, ки дар лаҳзаҳои охири ҳаёташ гуфтааст:

– Маро дар дунё дарнамеёбӣ, барои чизе аз дастам рафта бошад, таассуф бихўрам, магар аз иштирок накарданам дар муборизаҳои Алӣ (р) бар зидди гурўҳҳои саркаш.

Бо вуҷуде, ки ў муқотила карданро бо ҳамроҳии Алӣ (р), ки ҳақ барои ў ва бо ҳамроҳии ў буд, рад намуд. Ба дурустӣ, ки ин корро аз рўи гурехтан ва ҷустуҷў кардан барои наҷоташ накард, балки барои он кард, ки ихтилофотро ба куллӣ рад кунад ва фитнаро ба тамом аз байн бибарад ва садди роҳи кушторе шавад, ки на байни мусалмонон ва мушрикон, балки байни худи мусалмонон буд, ки хуни якдигарро мерехтанд.Ў ба таҳқиқ ин нуктаро тамоман равшан намуд.

Вақто ки Нофиъ аз ў пурсид:

– Эй Або Абдураҳмон, ту фарзанди Умар (р), ту саҳобаи Расули Худо (с) ҳастӣ. Пас туро чӣ монеъ мешавад аз ин кор – яъне нусрат додани Алӣ.

Ба ў бо чунин сухан ҷавоб гардонид:

– Маро манъ мекунад, ин ки Аллоҳ таъоло бар ман ҳаром гардонидааст хуни мусалмононро. Ба таҳқиқ ҳақ гуфтааст он зоти тавонои бузург:

Ба онҳо муқотила кунед, то ин ки фитна дигар боқӣ намонад ва дин барои Худо бошад. (сураи Бақара ояти 193).

– Ба таҳқиқ, мо ҳамчунон кардем ва бо мушрикон муҳориба намудем, то ин ки дин ҳама аз они Худо гардид. Аммо имрўз барои чӣ меҷангем?

– Дар ҳақиқат ҷангидем, дар ҳоле, ки бутҳо ҳарами Каъбаро пур карда буданд. Аз кунҷи хона то лаби даромадгоҳ, то ин ки Худованд онҳоро аз замини Араб берун кард. Оё имрўз дар муқобили касоне. ки Ло илоҳа иллаллоҳ мегўянд, биҷангем?

Ҳамчунин буд мантиқи ў ва ҳуҷҷати ў ва қаноъатмандии ў.

Пас ў аз ҷанг дурӣ ҷуст ва иштирок накард. На ба хотири гурехтан ва қафокашӣ (аз рўи беҷуръатӣ), балки барои он ки қарор доштани ҷанги хонаводагиро байни мусалмонон инкор мекард ва шамшер кашидани мусалмон дар рўи мусалмонро бо нафрат бад медид.

Абдуллоҳ ибни Умар умри дарозе дид ва ҳамасри он рўзҳое буд, ки дарҳои дунё бар рўи мусалмонон кушода гардиданд ва мақсадҳо ва рағбатҳо сахту мураккаб ва ҷиддӣ шуданд.

Лекин қудрати азими нафсиаш кимиёи замонро тағйир дод. Пас тағйир дод асри рағбатҳо ва молу фитнаҳоро. Ин асрро нисбат ба Абдуллоҳ ибни Умар–замони дунёбезорӣ, парҳезгорӣ ва сулҳу оштӣ гардонид. Ин шахси бисёр муҷоҳид, ба сўи Худо руҷуъкунанда бо тамоми яқинаш ва роҳу рафтори хосааш ва олиҳимматиаш зиндагонӣ кард ва ҳаргиз ин (майлу рағбат) бар болои табиат ва фазилати ў, ки ислом дар рўзҳои аввали пайдоишаш бо ниҳояти бузургӣ дар қолаб рехта ва сайқалаш дода буд, ғолиб наомадаанд.Табиъати зиндагонӣ тағйир ёфт. Аз ибтидои асри Умавӣ ва аз ин тағйирот роҳи гурезе ҳам набуд ва он рўзҳо асри кушодагӣ ва дастёбӣ дар ҳама чиз гардид, ки ин тавсиъаҳо танҳо мақсади давлатӣ набуда, балки мақсадҳои гурўҳӣ ва шахсӣ низ дунболагирӣ мешуд.

Дар миёни амвоҷи ин таҳрикҳо ва ҷўшиши ин асре, ки бо зиёд кардани гурўҳҳо ва бо ғаниматёбиҳояш ва зебогиҳояш мафтункунанда аст, ибни Умар буд, ки бо фазилатҳояш зиндагонӣ мекард ва ба сабаби алоқамандиаш маҳз пешбурди бузурги рўҳиашро аз ҳамаи ин гирудор барканор медошт. Аз ғаразҳои зиндагонии бузургаш он чиро мехост, ба даст овард. Ҳатто ҳамсаронаш ўро чунин васф менамуданд:Ибни Умар вафот намуд, ҳол он ки ў дар фазоилаш мисли Умар буд. Вақте ки дурахшидану ҷилои фазилатҳои ў ҳамасронашро дар таааҷуб меандохт, барои онҳо хеле хуш буд, ки бигуянд ибни Умар баробари Умар буд дар фазилат, то андозае, ки ҳамасронаш ўро васф намуда гуфтаанд:

– Умар (р) дар замоне зист, ки барои ў ҳамсонҳо буданд, вале ибни Умар дар замоне зист, ки барои ў ҳамсоне набуд.

Албатта ин муболағае буд, ки лаёқатмандии ибни Умар, мар ин муболағаро сабаби бахшоиш аст. Вагарна аз ақл дур аст, ки барои Умар (р) дар тамоми асру замонҳо монанде пайдо шавад..

* * *

Ва дар соли ҳафтоду сеюми ҳиҷрат офтоб ба сўи ғуруб майл намуд ва яке аз киштиҳои абадият лангари хешро бардошт ва ба сўи олами дигар ба сўи Худованди хеш ба шино даромад, дар ҳоле ки ҷасади охирин нишонаи рўзҳои ваҳйро дар Макка ва Мадина, – ҷасади Абдуллоҳ ибни Умар ибни Хаттобро бо худ бардошта буд.

Охирин аз саҳобагон, ки аз дунё риҳлат намуданд, Анас ибни Молик буд, ки дар Басра вафот кард ва ин дар соли 91-ум аз ҳиҷрат буд ва баъзеҳо соли 93-ум аз ҳиҷрат низ гуфтаанд.

Этот пост был создан нашим пользователем с помощью очень удобной и простой формы загрузки. Поделитесь с миром своими постами!

Жалоба

Проголосуйте:

17 баллов
За Против

Автор support_somoni

Добавить комментарий

Родмардоне дар атрофи Паёмбар(с) Билол ибни Раббоҳ

100 фоида аз сураи Юсуф