Родмардоне дар атрофи Паёмбар(с) Билол ибни Раббоҳ

Касе, ки даҳшатҳоро ба масхара мегирад

Вақте ки Умар ибни Хаттоб (р) Абубакрро (р) ёд мекард, мегуфт:

–Абубакр (р) хоҷаи мо ва озодибахшандаи хоҷаи мост.

Ў бо таъбири охир Билолро дар назар дошт.

Мардеро, ки Умар (р) бо калимаи хоҷаи мо ном бурд, марди бузург ва хушбахтест.

Ин мард, ки чеҳраи ниҳоят сиёҳ, қомати дароз ва андоми ниҳоят лоғар, рухсораҳои камгушт ва мўи сари дурушт дошт, тибқи ривояти ҳамасронаш ҳар гоҳ ки сухани тавсифиеро дар бобати худаш мешунид, сарашро хам мекард ва чашмонашро мепўшид ва дар ҳоле, ки ашк аз рухсорааш равон мешуд, мегуфт:

– Ман як ҳабашиям, ки дирўз ғулом будам.

Пас ин ҳабашие, ки дирўз ғулом буд, кист?

Ў Билол ибни Раббоҳ аст.

Муаззини ислом ва дар ташвиш афканандаи бутҳо.

Ў яке аз муъҷизаҳои имон ва ростӣ ва яке аз муъҷизаҳои бузурги ислом аст.

Аз даҳ нафар мусалмон аз садри ислом сар карда, то он ки бо хости Худованд дунё боқист, ақаллан аз ҳафт нафари вохўранда яке Билолро мешиносад.

Оре, дар тўли асрҳо ва наслҳо садҳо миллион нафар аз аҳли башар Билолро шинохтанд ва номи ўро аз ёд карданд. Ва зиндагиномаи ўро ва корномаҳои ўро куллан донистанд, чунончӣ ду халифаи ислом Абубакр (р) ва Умарро (р) шинохтанд.

Агар аз ҳар як тифли навомўзи мадориси Миср, Малӣ, Чин дар ҳарду қораи Амрико, Аврупо, Русия, Ироқ, Сурия, Туркия, Ирон, Судон, Тунис, Алҷазоир, Мағриб, Мовароуннаҳр ва мамолики дигари Африқо ва дар баландтарин қуллаҳои Осиё, дар ҳар гўшаву канори замин, ки мусалмонон мутавватинанд, бипурсӣ, ки Билол кист? Ба ту ҷавоб хоҳанд дод, ки ў муаззини Паёмбар (с) аст. Ва дар ибтидо ў ғуломе буд, ки хоҷааш ўро бо сангҳои тасфон азоб медод, то ўро аз динаш баргардонад, аммо ў мегуфт:

Аҳад, Аҳад, яъне Худо якест.

Вақто ки шуҳрати ҷовидонаеро, ки ислом ба Билол дод, бубинӣ, бояд бидонӣ, ки Билол пеш аз ислом як ғуломи ҳабашие буд, ки шутурҳои хоҷаашро дар ивази чанд мушт хурмо мечаронид. Ва агар ислом намебуд, шояд то дами марг дар миёни издиҳоми мардум ҳамчун як ғуломи раҳгумкарда боқӣ мемонд, то ин ки марг ба ў мерасид ва ба дасти фаромўшӣ супурда мешуд.

Лекин ростии имон ва азамати дине, ки ба он имон оварда буд, дар масири зиндагӣ ва таърихи ў дар байни пешвоёни ислом ва мардони роҳи Худо барояш мартабаи хосе муқаррар намуд.Ва аксари мардони соҳибнуфузи башарият, мардони соҳиби ҷоҳу манзалат ва сарватманд, ба даҳяки обрўи ҷовидонаи Билол, як ғуломи ҳабашӣ даст наёфтаанд.

Балки мардони қадрманди башарият аз шўҳрати таърихие, ки Билол касб кардааст, як миқдори камеро ба даст овардаанд.

Сиёҳии чеҳра, пастии шўҳрат ва насаби ў ва хорию беқадрии ў дар миёни мардум, чун ғуломи зархарид, ўро аз ин ки макони олиеро ба воситаи ростӣ, яқин, покӣ ва ҷонфидоияш касб намояд маҳрум насохт.

Воқеъан, дар он вақт мардум ғуломеро чун Билол дар чаҳорчўби таҳқир ва истеҳзо тасаввур мекарданд. 

Яъне, ғулом шахсест, ки аҳлу оила ва қудрат надорад ва ҳатто ҳуқуқи соҳибияти чизе аз зиндагонии худашро ҳам надорад. Ў мулки хоҷааш аст, ки ўро ба молаш харидааст ва ў субҳу шомро дар миёни бузу гўсфандон, шутурон ва чорпоёни хоҷааш сипарӣ мекунад. Ва чунин мепиндоштанд, ки мисли ин махлуқ ҳеҷ гоҳ ба чизе даст ёфта наметавонанд.

Вале ҳамаи ин гумонҳо ботил баромаданд ва як ғуломи ҳабашӣ баъди пазируфтани дини мубини ислом ба пояе расид, ки на ҳар касе метавонад ба он бирасад. Ў шарафи аввалии муаззини Паёмбар (с) ва исломро дарёфт намуд, ки ҳар яке аз пешвоён ва бузургони Қурайшии баъдан ислом оварда ва пайравии Паёмбарро намуда, он мартабаро барои худашон орзу мекарданд.

Оре, ин ғуломи ҳабашӣ, Билол ибни Раббоҳ аст.

Чӣ диловарие ва чӣ бузургиеро ин се калима ифода мекунад: Билол ибни Раббоҳ !

* * *

Ў як ҳабашиест аз нажоди сиёҳон. Ўро тақдираш дар дасти мардуме аз бани Ҷумҳ дар Макка, ки модари ў канизаки онҳо буд, ғулом гардонид. Зиндагии ў зиндагии ғуломона буд. Рўзҳояш ба якдигар монанд ва хушку беҳосил буданд. Ў дар зиндагонии ҳаррўзааш ҳеҷ гуна ҳаққи шахсӣ ва барои фардояш орзуе надошт.

Ахбори Муҳаммад (с) ба гўшаш ҳангоме расид, ки дар Макка мардум ин ахборро даҳон ба даҳон нақл мекарданд. Вақте ки ў ба суҳбати хоҷагону меҳмононашон, хусусан ба суханони Умайя бини Халф, яке аз мўйсафедони бани Ҷумҳ, қабилае ки Билол яке аз ғуломони онҳо буд, гўш медод, аксар вақт аз ин сўҳбатҳо оҳанги кинаву ғаш ва бадхоҳӣ ба гўш мерасид.

Гўшҳои Билол гоҳо аз байни суханони девонавори онҳо баъзе сифатҳоеро мешунид, ки барои ў чӣ будани ин дини ҷадидро тасаввур мекунонид. Ва ў ҳис мекард, ки ин сифатҳо дар ин муҳите, ки ў зиндагӣ дорад, андешаи нав ҳастанд.

Ҳамчунон, ки гўшҳои ў аз байни суханони кўбанда ва таҳдидомези онҳо, қоил шудани онҳоро ба шарофати Муҳаммад (с) ва ростию амонати ў мешунид.

Оре, ба дурустӣ мешунид, ки онҳо таъаҷҷуб мекарданд ва дар ҳайрат буданд аз он чизе, ки Муҳаммад (с) оварда буд.

Онҳо ба якдигар мегуфтанд: Муҳамад (с) ягон вақт дурўғгўй набуд ва на соҳир буд ва на девона. Агарчанде, ки мо имрўз аз рўи зарурат барои пешгирии ашхосе, ки мехоҳанд ба зудӣ ба сўи дини ў бираванд, ўро ба ин сифатҳо муттаҳам менамоем.

Шунид, ки онҳо аз амонатдорӣ, вафодорӣ, мардонагӣ, ахлоқу покизагӣ ва бузургии хиради ў ҳарф мезананд.Ва мешунид ва медид, ки ба якдигар гўшакӣ карда сабабҳоеро мегуфтанд, ки онҳоро бар зидди ў ва бар душмании ў водор мекард.

Он сабабҳо инҳо буданд: аввалан пешвоии дини аз падарҳояшон монда. Сониян, тарс аз обрўи Қурайш – он обрўе, ки ба онҳо маркази динашон ҳадя намуда буд, мисли пойтахти ибодат ва сулук дар тамоми ҷазира. 

Баъд, кинаву адоват нисбати бани Ҳошим, ки чаро аз бани Ҳошим Паёмбар мабъус шуду аз онҳо не.

* * *

Рўзе Билол нури Худоро мебинад ва дар қаъри рўҳи бузургаш садои онро мешунавад ва ба назди Паёмбар (с) меравад ва имон меоварад.

Ва чанде намегузарад, ки хабари ислом овардани ў паҳн мегардад. Аз ин хабар замин дар болои сари хоҷагони ў аз бани Ҷумҳ гирд мечархид. Он сарҳое, ки аз кибр моломол буданд ва ғурур онҳоро вазнин карда буд ва шайтонҳои рўи замин бар болои дили Умайя бини Халф нишастанд. Он касе, ки дар ислом овардани як ғуломе аз ғуломонашон ба хорӣ ва шармандагӣ расидани тамоми бузургонашонро медид.

Бандаи ҳабашии онҳо ислом оварда ва пайравии Муҳаммад (с) намудааст.

Ва Умайя дар дилаш мегўяд:

–Бо вуҷуди ин, ҳеҷ гап не. Офтоби имрўз ғуруб намекунад, магар ки ҳамроҳаш исломи ин бандаи гурезаро мебарад.

Валекин офтоб исломи Билолро бо худ ба ғуруб набурд, балки рўзе расид, ки бутҳои Қурайшро тамоман аз байн бурд ва ҳимоятгарони бутпарастиро бо худ ба ғуруб кашид.

* * *

Аммо Билолро чунон мавқифе бузург насиб гардид, ки он танҳо шарафи ислом набуд, агарчи ислом ба он ҳақноктар аст, балки шарафи тамоми башарият аст. Ва барои шарафёб шудан ба ин манзалат дар ҳақиқат Билол дар муқобили сахттарин азобҳо устуворӣ нишон дод.

Гуё Худованд ўро барои мардум масале гардонид, ки ба андешаи онҳо сиёҳии чеҳра ва ғуломӣ монеъи азамати рўҳ мегардад. Бехабар аз он ки агар соҳиби рўҳ чун соҳиби имони комил гардад ва ба Худовандаш чанг бизанад ва ба ҳақиқате, ки аз ҷониби Худост дасту панҷаашро мустаҳкам намояд, ба ҳама мартабаҳо хоҳад расид.

Ба таҳқиқ, Билол ба ҳамзамонони худ ва дар тамоми замонҳо барои башарият, ки дар дини ў ҳастанд ва дар дигар динҳои ғайри ислом низ бошанд, як дарси балиғе нишон дод, ки муҳтавояш, хариду фурўш нашаванда будани озодии ақида ва ҳокимияти он бо симу зари фаровон ва ё азобу шиканҷа аст.

Ўро урён болои лахчаҳои аланганок хобониданд, то аз динаш бозгардад, ё қаноъатмандиашро тағйир бидиҳад, лекин ў саркашӣ намуд.

Паёмбар (с) ва ислом аз ин бандаи ҳабашии мустазъаф барои башарият дар фанни эҳтироми ақида ва замир ва дифоъ аз озодӣ ва ҳокимияти замир, як устоди комиле тайёр намуданд.

Кофарон дар айни гармои нимарўзӣ, ки саҳро аз ғояти гармӣ мисли ҷаҳаннам аст, ўро урён болои регҳои сўзон ба пўшт мехобониданд ва санги бузурги тафсонро, ки аз ғояти вазнинӣ онро чанд нафар мард мебардоштанд, дар болои синаи ў мениҳоданд.

Ва ин азоби ваҳшиёнаро ҳар рўз такрор менамуданд, то ҳадде ки аз сахтии азоби ў дили баъзе аз ҷаллодони ў сўхт. Ва дар охир розӣ шуданд, ки ўро озод кунанд, ба шарте ки дар ҳаққи бутҳои онҳо сухани неке бигуяд, агар чӣ як калима ҳам бошад. Дигар чизе не, то дар бузургиву кибриёии онҳо халал наафтад. Ва то дар бораи онҳо аҳли Қурайш ҳар ҷо нагуянд, ки дар назди сабру устуворӣ ва пофишории ғуломонашон шикаст хўрданд ва хор шуданд.

Аммо ў гуфтани ҳатто як калимаро, ки метавонист аз рўи дил бигуяд ва ба воситаи он зиндагӣ ва вуҷуди худро наҷот диҳад, рад намуд.

Оре, гуфтанашро рад намуд ва дар ҷои он замзамаи ҷовидонаи худро такрор кард:

–Аҳад, Аҳад.

Ҷаллодони ў ба сараш дод мегуфтанд ва гоҳо бо ҳурмати хешутаборӣ ва намакхўрдагӣ зориаш мекарданд ва мегуфтандаш:

– Лоту Узоро ёд кун.

Пас ҷавобашон медод:

–Аҳад, Аҳад

Билол бо истеҳзо ҷавоб медод:

– Забони ман ба гуфтани ин калимаҳо намегардад.

Билол дар ин азоб, то вақти ғуруб боқӣ мемонд. Пас ўро бармехезониданд ва дар гарданаш ресмоне мебастанд ва ба кўдаконашон амр мекарданд, то ўро дар кўҳҳои Макка ва роҳҳои он бигардонанд. Дар ин ҳама ҳол Билол ба ғайри он замзамааш дигар чизе ба забон намеовард:

–Аҳад, Аҳад.

Ҳоло ман он ҳодисаҳои таърихиро тасаввур мекунам. Ин ҳодисаҳо гўё навакак дар пеши назари ман гузаштаанд. Чун шаб мешуд ба ў бо илтимос муроҷаъат менамуданд, ки фардо дар ҳаққи бутҳои мо чанд сухане неке бигўй. Чунин бигўй:

–Парвардигори ман Лоту Узост.

Чун инро бигўӣ, мо туро ба ҳолат мегузорем. Воқеан, мо аз азоб додани ту монда шудем. Гўё худи моро азоб медода бошанд.

Пас Билол сарашро бо аломати инкор ҷунбонида мегуфт:

–Аҳад, Аҳад.

Ва Умайя ўро муште зад ва аз шиддати ғуссаву ғазаб худро дигар идора карда натавониста фарёд зад:– Эй ғуломи сиёҳ, кадом бадбахтӣ моро бо ту гирифтор намуд? Қасам ба Лоту Узо, ки туро барои ғуломон ва хоҷагонат масал мегардонам.

Пас Билол дар ғояти яқинӣ ва имондорӣ ва бо азамати мардони покдоман ба ў ҷавоб дод:

–Аҳад, Аҳад.

Ва Умайя боз ба сухан гуфтан ва розӣ кардани ў пардохта, нафареро ба сўи ў ҳамчун шахси мушфиқ вакил сохт.

Пас ў омад ва гуфт:

– Эй Умайя, Билолро бигузор ва Лот аз ин рўз эътиборан касеро азоб намекунад, ба таҳқиқ Билол аз мост, модараш канизи мост ва ў розӣ намешавад, ки ба сабаби ислом оварданаш моро дар байни аҳли Қурайш мавриди гуфтугў ва истеҳзо қарор диҳад.

Билол ба чеҳраи дуруғгўи маккор менигарад ва мисли сапедадам дар лабонаш табассум чарх мезанад ва дар ғояти оромӣ онҳоро ба ғазаб оварда мегўяд:

–Аҳад, Аҳад.

Ўро бори дигар дар нисфирўзӣ ба сўи регзор мебурданд ва ў бо имон ва ихлосмандиаш ба Худои ягона ва Расули ў (с) устувор ва собит буд.

Ин ҳангом аз назди онҳо Абубакри Сиддиқ (р) мегузарад ва мебинад, ки онҳо ўро азоб дода истодаанд. Баъди мушоҳидаи ин манзара ба сўи онҳо нидо мекунад:

– Оё шумо касеро ба қатл мерасонед, ки рабби ман Аллоҳ аст, мегўяд?

Пас ба Умайя муроҷаъат менамояд:

–Аз қиматаш зиёдтар пул бигиру озодаш кун!

Умайя гуё дар баҳре ғарқ шуда истода буд ва заврақи наҷот ба сўяш омад. Аз ин пешниҳод вақташ хуш шуд ва худро аз он саодатманд пиндошт, ки дид Абубакр (р) пули озодии ўро доданист. Зеро аз мутеъ гардонидани Билол сахт навмед гардида буд ва азбаски онҳо мардони тиҷоратпеша буданд, фурўхтанаш барои онҳо хубтар аз мурданаш буд.

Ўро ба Абубакр (р) фурўхтанд. Абубакр (р) ўро бо худ гирифт ва Билол мақоми худро байни мардони озод ишғол намуд.

Вақте ки Абубакр (р) аз зери бағали Билол гирифта ўро ба сўи озодӣ мебурд, Умайя барояш гуфт:

– Бигир ўро. Қасам ба Лоту Узо, ки агар қимати ўро намепазируфтӣ ўро ба як авқияи (воҳиди пулӣ дар Маккаи то исломӣ) танҳо ба ту мефурўхтам.

Абубакр (р) ҳис намуд, ки дар зимни ин калимаҳо чӣ нокомии талх ва ба орзу нарасидани ин ҷанобон эҳсос карда мешавад ва сазовор буд, ки ҳеҷ ҷавобаш надиҳад.

Вале азбаски ин сухан ба каромоти ин мард, ки акнун бародари ў гардидааст, даст мезад, чунин ҷавобаш дод:–Қасам ба Худо агар шумо бо ин қимат розӣ намешудед, ба сад авқия тилло мехаридамаш.

Ва Абубакр (р) ҳамроҳи Билол ба назди Паёмбар (с) омад ва аз озодии Билол ўро огоҳ намуд.

Ин лаҳза барои мусалмонон иди бузурге буд.

Ва баъди ҳиҷрати Паёмбар (с) ва мусалмонон ба сўи Мадина ва қарор ёфтанашон дар он ҷо, Паёмбар (с) барои даъвати муслимин ба намоз азонро машрўъ намуд.

Пас, азонро барои намоз дар як рўз панҷ бор кӣ мегўяд? Ва дар болои уфуқ такбирот ва таҳмидоти кӣ садо медиҳад?

Воқеъан, ў Билол аст, ки дар муддати 13 сол бо вуҷуди азобу шиканҷаҳои тоқатфарсо Аҳад, Аҳад, Аҳад, Аҳад мегуфт.

Ва ба ин далел Паёмбар (с) Билолро дар даъвати мусалмонон ба намоз аввалин муаззин ихтиёр кард.Билол бо овози баланди муассираш дилҳоро ба имон гироиш медод ва гўшҳоро аз тарси Худо пур мекард. Ва ў рўзе панҷ маротиба нидо дармедод:

Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар (Худо аз ҳама чиз бузургтар аст).

Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ, Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ (Гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ).

Ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ, Ашҳаду анна Муҳаммада-р-расулуллоҳ (Гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад Паёмбари Худост) .

Ҳайя ъала-с-салот, Ҳайя ъала-с-салот (Бишитобед ба сўи намоз).

Ҳайя ъала-л-фалоҳ, Ҳайя ъала-л-фалоҳ (Бишитобед ба сўи наҷот).

Аллоҳу Акбар, Аллоҳу Акбар.

Ло илоҳа иллаллоҳ.

Ҷанг байни мусалмонон ва лашкариёни Қурайш, ки болои Мадина ҳуҷум оварда буданд, даргирифт.

Ҷанги сахти хуношом идома дошт.

Аввалин ҷанги дохилшудаи аҳли ислом ғазои Бадр буд ва дар он Билол далерӣ ва шуҷоъати беандоза нишон дод. Паёмбар (с) амр намуд, ки шиори ин набард Аҳад, Аҳад бошад.

* * *

Дар ин ҷанг Қурайш тамоми қудрат ва тавоноияшро ба майдон бароварда буд. Гўиё тамоми ашрофзодагони Қурайш ба қатлгоҳи худ ҳозир шуда буданд.

Воқеан, хоҷаи Билол, он касе, ки ўро ба тарзи ваҳшиёна ва хоркунанда азоб медод, Умайя бинни Халф қасд кард аз баромадан ба ин ҷанг худдорӣ намояд. Вале дўсташ Уқба ибни Абимуъайт чун шунид, ки мехоҳад аз ҷанг бознишастагӣ кунад, назди ў рафт. Уқба ибни Абимуъайт ҳангоми ба назди ў рафтан дар дасташ як миҷмар (зарфе, ки дар он чўбҳои хушбўйро месўзонанд – мутарҷим) дошт. Чун бо Умайя рў ба рў шуд, ки ў дар миёни қавму қабилааш менишаст, миҷмарро ба сўяш ҳаво дод ва гуфт:

– Эй Абоалӣ (кунияти Умайя – шарҳи мутарҷим) бо ин миҷмар худро хушбўй кун, зеро ту зан ҳастӣ!Умайя ба сўи ў фарёд зад:

– Лаънати Худо бар ту ва бар ин чизи овардаат!

Баъди ин таъна ғайр аз рафтан ба набард дигар илоҷе надошт.

Тақдири инсон розҳое дорад, ки онҳоро гоҳо мепўшад ва гоҳо ошкор месозад.

Ҳамин Уқба ибни Абимуъайт бузургтарин касе буд, ки Умайяро барои азоб додани Билол ва дигар мусалмонони мустазъаф таҳрик менамуд.

Имрўз ана ҳамин шахс ўро барои баромадан ба сўи ғазои Бадр таҳрик намуд, ки ин ғазо ба зудӣ қатлгоҳи Умайя ва ҳамчунин қатлгоҳи худи Уқба низ гардид.

Агар иддаъо ва изои Уқба намебуд, бо вуҷуди баромаданаш бо ҳамроҳии мардум Умайя нияти ҷанг надошт.Вале Худованд ба иҷро расонандаи ҳукми худ аст. Пас бояд, ки Умайя хориҷ шавад, зеро байни ў ва байни яке аз бандагони Худо ҳисобест қадим, ки вақти баробар карданаш расидааст. Пас Худованди дайён (ҷазодиҳанда – мукофотдиҳанда) ҳаргиз намемирад. Пас ҳар кас дар муқобили аъмолаш ҷазои хайр ё бадашро хоҳад гирифт.

Барои тақдир, масхара намудани золимон хеле ҳаловатбахш аст. Акнун Уқбае, ки ҳамеша Умайя ба таблиғоти ў гўш медод ва бо таҳрики ў барои азоб додани мўъминони бегуноҳ мешитобид, Умайяро ба сўи қатлгоҳаш мехонад.

Ва бо дасти кӣ?

Бо дасти худи Билол… ва Билоли танҳо !

Бо он дастоне, ки Умайя онҳоро бо занҷирҳо мебаст ва соҳиби он дастҳоро бо сахттарин шиканҷаҳо ранҷ медод.

Ҳамин дастон, имрўз дар ғазои Бадр дар ваъдагоҳе, ки тақдир вақташро муқаррар намудааст, ҷаллоди Қурайшро, ки бо зулму саркашии худ мўъминонро хору залил намуда буд, аз байн мебарад.

Ин воқеъа ин тавр анҷом ёфт: Вақте ки муҳориба байни ду гурўҳ оғоз гардид, аз як тарафи майдон, ки қароргоҳи лашкари мусалмонон буд, шиори Аҳад, Аҳад фазоро ба ларза даровард ва қалби Умайя заъф кард ва хатари ногузирро эҳсос намуд.

Дар ҳақиқат калимаеро, ки дирўз ғуломи ў таҳти азобу шиканҷа ва даҳшат такрор менамуд, имрўз шиори комили дини нав ва пирўз ва шиори тамоми миллати ҷадид гардидааст.. 

Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад!

* * *

Шамшерҳо ба ҳамдигар бархўрданд ва набард оғоз гардид.

Дар лаҳзаи ба поён расида истодани набард Умайя бини Халф, Абдураҳмон бини Авфро дид ва аз ў талаби ҳимоят намуд ва хоҳиш кард, ки ўро ба умеди ҷон ба саломат бурданаш асири худ гардонад.

Абдураҳмон хоҳиши ўро пазируфт, ўро дар ҳимояти худ гирифт ва аз миёни корзор ба қароргоҳи асирон бурд.Онҳо ҳанўз ба қароргоҳи асирон нарасида буданд, ки чашми Билол ба Умайя афтид ва ў фарёд кашид:– Агар сари кофар, Умайя бини Халф наҷот ёбад, ман наҷот наёбам.

Ва шамшерашро баланд кард, то гардани солиёни дароз аз кибру ғурур вазнин шударо бибуррад. Вале Абдураҳмон ба ў бонг зад:

– Эй Билол, ба дурустӣ, ки ў асири ман аст.

Билол низ фарёд зад:

– Асири ту ва ин дар ҳоле, ки ҳанўз ҷанг давом дорад? Асир ва ҳол он ки аз зарбаҳои шамшери ў аз ҷисму тани мусалмонон чанд лаҳза пеш хун мечакид?

На. Ин дар фикри Билол масхара доштани ақлҳост. Ба таҳқиқ Умайя пеш аз ин ба ҳоли мардуми мусалмон хеле хандид ва онҳоро хеле масхара дошт ва ин басандааст.

Чун Билол дид, ки тавони танҳо худаш барои муқобала дар муқобили бародари диниаш Абдураҳмон бини Авф намерасад, пас дар миёни мусалмонон бо овози баланд фарёд зад:

– Эй пирўзмандони дини Худо !.. Ин сари кофар, Умайя бини Халф аст, агар ў наҷот ёбад, ман наҷот наёбам!Пас як гурўҳи мусалмонон, ки дар дурахши теғи шамшерҳояшон сурати марг метобид, ба сўи ў тохтанд ва Умайя ва писарашро, ки ў низ барои ҷанг бо ҳамроҳи Қурайш омада буд, иҳота намуданд. Дар ин сурат Абдураҳмон бини Авф дигар ҳеҷ коре карда натавонист.

Билол ба ҷасади Умайя, ки зери шамшерҳои бурро барў афтида мехобид, нигоҳи дуру дарозе кард ва баъд аз он ба майдони корзор шитобид ва бо овози баланд фарёд мезад:

Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад! Аҳад!

* * *

Гумон намекунам, ки мо дар чунин вазъ ҳуқуқи баҳс аз фазилати авфу бахшиш аз тарафи Билолро дошта бошем.

Агар мулоқоти Умайя ва Билол дар муҳити дигар анҷом мегирифт, шояд барои мо ҷоиз буд, ки ҳуқуқи сабр ва авфро аз Билол бихоҳем. Ба андешаи мо марде мисли Билол имондор ва парҳезгор ҳеҷ гоҳ барои ризоияти авф сарпечӣ намекард, вале ин мулоқоти онҳо дар майдони набард воқеъ гардид ва табиист, ки дар ин вазъ ҳар гурўҳе қасди нобуд сохтани рақибашро дорад.

Шамшерҳо дар фазо медурахшиданд ва кушташудагон меафтиданд. Марг дар ҳарду самт ҷавлон мезад. Дар чунин ҳолат Билол Умайяро дид. Шахсеро, ки дар бадани Билол ҷои як ангуштро ҳам бе осори таъзиб нагузоштааст.

Ўро дар ҳоле дид, ки дар майдони ҷангу куштор бо шамшераш сари ҳар мусалмонеро, ки имкон меёфт, аз танаш ҷудо мекард ва агар сари Билолро ҳам дар он соат дарёфт мекард, аз танаш ҷудо менамуд.

Дар чунин лаҳзаи ҳассос ду мард дар муқобили якдигар рў ба рў шуданд. Пас мантиқан аз рўи адолати нест, ки аз Билол бипурсем, чаро гузашт ва бахшишро раво надид.

* * *

Рўзҳо пайи ҳам мегузаштанд. Макка ҳам фатҳ гардид. Ва Паёмбар (с) дар ҳоли шукргузорӣ ва садои такбир бо мушояъати даҳ ҳазор мусалмон ба шаҳр ворид шуд.

Аввалан сўи Каъба роҳ гирифт. Ба сўи он макони муқаддасе, ки қурайшиён дар он ба адади рўзҳои сол бутҳоро гузошта буданд.

Ба таҳқиқ, Ҳақ омад ва ботил аз байн рафт.

Аз ин рўз эътиборан дигар Узо, Лот ва Ҳубал вуҷуд надоранд. Дигар ҳеҷ инсон сари худро пеши санг ва бут хам намекунад ва инҳо минбаъд бо тамоми вуҷудашон Худоеро парастиш хоҳанд кард, ки мисли ў якка ва ягона, бузургу баландмартаба касе ё чизе дигар нест.

Паёмбари Худо (с) дар ҳамсўҳбатии Билол ба Каъба ворид шуд.

Чун Паёмбар (с) дохили хона гардид, ба ҳайкалҳои тарошида рў ба рў омад, ки дар шакли Иброҳим (а) бо тирҳои камон фол дида истода сохта шуда буданд.

Паёмбар (с) дар ғазаб шуд ва гуфт:

– Худо ин кофаронро ҳалок гардонад. Ин пешвои мо ҳеҷ гоҳ бо тирҳои камон фол накушодааст: Иброҳим ҳеҷ гоҳ яҳудӣ набуд ва насронӣ ҳам набуд, лекин шахсе буд, ки аз роҳи рост хориҷ намешуд ва мусалмон буд ва аз ҷумлаи мушрикон набуд.

Пас ба Билол амр кард, ки болои хонаи Каъба баромада азон бигуяд.

Ва Билол азон гуфт. Зебанда ва муносиб.

Гардиши ҳаёт гўё дар Макка бозистод ва ҳазорон мусалмон ҳамчун насими ороме бо тарсу ҳарос аз Худо зери лаб калимоти азонро аз қафои Билол такрор менамуданд, вале мушрикон ҳанўз дар хонаҳояшон ба ин рўйдод бовар надоштанд.

Оё ин ҳамон Муҳаммад (с) ва фақиронеанд, ки дирўз аз диёрашон ронда шуда буданд?Оё ў ҳамон касест, ки ҳамроҳаш даҳ ҳазор нафари мўъмин дорад?

Оё ин ҳамон шахсест, ки ўро рондем ва бо ў ҷангу корзор намудем ва дўстдоштатарин хешу табор ва наздиконашро куштем?

Оё ин ҳамон мард аст, ки дар ҳақиқат чанд лаҳза қабл, дар ҳолате, ки гарданҳои мо баста дар ҳузураш меистодем, ба мо чунин хитоб намуд:

– Биравед, шумо озод ҳастед!

Дар ҳамин вазъ се нафар аз ашрофи Қурайш дар беруни Каъба нишаста буданд ва саҳнаи бо пойҳояш бутҳои онҳоро шикастан ва поймол кардани Билол моту мабҳуташон карда буд. Чун аз болои талҳои реги равон дар фазои Макка азони баланди Билол танин андохт, кас гумон мекард, ки фасли баҳорон расидааст ва бўи насими баҳорӣ ба машом мерасад.

Ин се кас; яке Абусуфиён бинни Ҳарби чанд соат пеш имон оварда, дуи дигар, Утоб ибни Усайд ва Ҳорис бинни Ҳишом буданд, ки ҳанўз исломро напазируфта буданд.

Утоб дар ҳоле, ки чашмашро ба Билоли азонгуянда дўхта буд, изҳор кард:

– Худованд Усайдро неъмати бузурге арзонӣ дошт (яъне падарашро дар назар дорад), ки аз дунё рафт ва имрўз ин калимоти ўро дар ғазаб ва нороҳатӣ андозандаро намешунавад.

Ҳорис бошад, чунин гуфт:

– Қасам ба Худо агар бидонам, ки Муҳаммад (с) рост мегўяд, ўро пайравӣ хоҳам кард!

Абусуфиён дар давоми суханони онҳо андешаи аҷиб, мўъҷизамонанд ва пешгўикунанда иброз кард.

– Қасам ба Худо ман чизе намегўям, агар чизе бигуям ҳамин регҳои зери поямон хабарро ба ў мерасонанд!

Чун Паёмбар (с) аз хонаи Каъба берун шуд, онҳоро дид ва аз ваҷоҳаташон андешаҳои дар дилашон бударо хонд ва дар ҳоле, ки чашмонаш аз нури Илоҳӣ ва аз хурсандии пирўзӣ медурахшиданд, гуфт:

– Он чизеро ки гуфтед, ман донистам.

Ва онҳоро аз муҳтавои гуфтаҳояшон огоҳ намуд.

Пас Ҳорис ва Утоб фарёд заданд:

– Мо гувоҳӣ медиҳем, ки ту Паёмбари Худо ҳастӣ. Қасам ба Худо, ки ҳеҷ кас суханони моро нашунида буд, ки бигуем ба ту хабар дод.

Ва дар ин лаҳза бо дили нав Билолро пешвоз гирифтанд. Дар ҳоле, ки дар дилҳояшон суханони Паёмбар (с), ки вақти фаромаданаш дар Макка иброз намуда буд, садо медод.

– Эй қавми Қурайш, ҳаққо ки Худованд аз миёни шумо кибру фахри ҷоҳилият ва бузург доштан ба воситаи аждодро берун бурд.

– Мардум ҳама фарзанди як Одам ва Одам аз хок офарида шудааст.

* * *

Билол бо ҳамроҳии Паёмбар (с) зиндагониро идома дод ва дар тамоми набардҳо иштирок намуд ва барои намоз азон мегуфт ва аломату нишонаҳои ин динеро, ки ўро аз торикиҳои ҷаҳолат ба рўшноӣ ва аз ғуломӣ ба озодӣ расонида буд, ҳимоя мекард ва зинда нигоҳ медошт.

Ва обрўи ислом рўз аз рўз боло шуд ва бо ҳамроҳии ў обрўи мусалмонон низ афзуд. Ва Билол ҳар лаҳза дар дили Паёмбар (с) наздикии хосе пайдо мекард, то дараҷае ки Паёмбар (с) дар ҳақаш гуфт:

– Ў марде аз биҳиштиён аст.

Лекин Билол ҳамчунон асилзода ва мутавозиъ боқӣ монд ва нафси худро ҷуз ба ин миқдор, ки як ғуломи ҳабашии дирўзаст, боло намегузошт.

Рўзе барои худаш ва бародараш завҷа меҷуст. Ҳамчун хоҷа ба падари он духтар гуфт:

– Ман Билолам ва ин бародари ман аст. Мо ду ғуломбачае ҳастем аз Ҳабаша ва ҳарду гумроҳ будем. Пас Худо ҳидоятамон намуд ва аз ғуломӣ озодамон гардонд. Агар духтаронатонро ба мо никоҳ кунед, шукри Худо ва агар розӣ нашавед, Аллоҳу Акбар.

Паёмбар (с) аз дори фано риҳлат намуд, дар ҳоле, ки Худо аз ў розӣ ва ў низ аз додаҳои Худованд розӣ буд. Баъди ў халифааш Абубакр (р) ба кори мусалмонон камар баст.

Билол ба назди халифаи Расули Худо (с) рафт ва ба ў гуфт:

– Эй халифаи Расули Худо (с), ман аз Паёмбар (с) шунида будам, ки мегуфт:

– Беҳтарин амали мўъмин, ҷиҳод дар роҳи Худост.

Пас Абубакр (р) аз ў суол кард:

– Бо ин гуфтаат чӣ мехоҳӣ, эй Билол?

Гуфт:

– Мехоҳам, то охири умрам, дар роҳи Худо дар посбонии сарзамини ислом бошам.

Абубакр (р) аз ў суол кард, ки моро кӣ муаззинӣ мекунад?

Билол дар ҳоле, ки чашмонаш пур аз ашк буданд, гуфт:

– Ман баъди Паёмбар (с) барои ҳеҷ кас муаззинӣ намекунам.

Боз Абубакр (р) исрор намуда гуфт:

– Эй Билол, пеши мо бимон ва моро муаззинӣ кун.

Билол гуфт:

–Агар маро барои он харида озод карда бошӣ, ки аз ту бошам, пас ҳар коре, ки мехоҳӣ бикун. Вале агар маро барои Худо озод карда бошӣ, пас маро бо он зоте бигзор, ки маро ба хотири ў озод кардаӣ.

Абубакр (р) гуфт:

– Не, ман туро барои Худо озод кардаам.

Дар ин ҷо ровиён ихтилофи назар доранд. Баъзеҳо чунин ақида доранд, ки ў дарҳол ба сўи Шом сафар кард ва то охири умраш муҷоҳид ва нигаҳбони дини Худо буд.

Ва баъзеашон чунин ақида доранд, ки ў сухан ва дархости Абубакрро (р) қабул кард ва дар Мадина зиндагиашро давом дод. Чун Абубакр (р) риҳлат кард ва хилофатро Умар (р) ба даст гирифт, аз ў иҷоза гирифт ва ба сўи Шом рафт.

Ба ҳарду тақдир Билол боқимондаи ҳаёт ва умрашро назри он намуд, ки дар сарҳадоти замини мусалмонон посбонӣ кунад ва ба худ тасмим гирифта буд Худо ва Паёмбарро (с) дар ҳоле мулоқот кунад, ки ў дар беҳтарин ва дўстдоштатарин амали писандидаи Худо ва Паёмбар (с) бошад.

Ва дигар овози баланди марҳабо гўяндаи бовиқораш бо садои азон баланд намешуд. Зеро чун дар азонаш калимаи (Гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (с) Паёмбараст)— ро мегуфт, лаҳзаҳои ҳаёти Паёмбар (с) ба ёдаш мерасид, овозаш дар зери фишори аламу доғҳо, паст мешуд ва бо ҳамроҳии калимаҳои азон оби дидагонаш ҷорӣ мешуд.

Ва охирин азони вай дар ҳоле буд, ки амири мўъминон Умар (р) Шомро зиёрат намуд ва мусалмонон халифаро восита гардониданд, ки Билолро барои дар як намоз азон гуфтан розӣ кунад.

Ва Умар (р) Билолро пеши худ хонд ва дар ҳоле, ки вақти намоз шуда буд, аз ў хоҳиш кард, ки барои ин намоз азон гўяд. Ва Билол болои миъзана баромад ва азон гуфт. Пас тамоми он саҳобагони лаҳзаҳои ҳаёти Паёмбар (с) дарёфта, ки Билол барои ў муаззинӣ мекард, дар гиря даромаданд. Чунон гиристанд, ки ҳеҷ гоҳ барои чизе пеш аз ин чунин нагириста буданд ва Умар (р) аз ҳама дида зиёдтар ва баландтар мегирист.Билол чуноне ки мехост, дар ҳоли посбонӣ дар марзҳои ислом дар Шом вафот кард.

Дар зери хоки Димишқ имрўз ҷасади марде хобидааст, ки аз устуворӣ дар истиқомат, дар ақида ва боварӣ аз бузургтарин мардони башарият аст.

Этот пост был создан нашим пользователем с помощью очень удобной и простой формы загрузки. Поделитесь с миром своими постами!

Жалоба

Проголосуйте:

12 баллов
За Против

Автор support_somoni

Добавить комментарий

Родмардоне дар атрофи Паёмбар(с) Абузари Ғифорӣ

Родмардоне дар атрофи паёмбар (с) Абдуллоҳ ибни Умар