Родмардоне дар атрофи паёмбар (с) Саъд ибни Абиваққос

Шере дар сарпанҷааш

Хабари ҳуҷумҳои аҳдшиканонае, ки қувваҳои Форс бар сари мусалмонон ворид месохтанд, ва хабари ҷанги Сари Пул, ки қурбонии якрӯзаи он чаҳор ҳазор шаҳид буд ва хабари ахдшикании аҳли Ироқ, амирулмӯъмин Умар ибниХаттобро (р) дар ташвишу изтироб андохтанд.

Пас халифа қарор дод, ки худаш биравад, то лашкари мусалмононро дар маъракаи ҳалкунанда бар зидди Форсҳо роҳбарӣ намояд..

Ва бо ҳамроҳии чанд тан аз ҳамсӯҳбатонаш савор шуданд ва дар Мадина Алӣ ибни Абутолибро (р) ҷонишин намуданд.

Чун каме аз Мадина дур шуданд, баъзе аз ҳамсӯҳбатонаш чунин раъй пешниҳод карданд, ки халифа бозгардад. Ва дар ин кор яке аз дустон ва ҳамсӯҳбатонро маъмур гардонад.

Ин пешниҳодро Абураҳмон ибни Авф пешниҳод намуд ва эълон дошт, ки зиндагии халифаро дар хатар андохтан дар ҳоле, ки ислом рузҳои ҳалкунандаи худро аз сар мегузаронад, як кори оқилона нест.

Ва Умар (р) амр кард, ки мусалмонон барои машварат ҷамъ шаванд ва эълон карда шуд, ки намоз, ҷамъкунанда аст. Ва Али ибни Абутолибро (р) боз хонд ва ӯ бо ҳамроҳии баъзе сокинони Мадина ба сӯи он ҷое, ки халифа ва ёронаш буданд, рафт.

Маслиҳат ба пешниҳоде, ки Абдураҳмон ибни Авф эълон карда буд, қарор гирифт. Ва ҷамъомадагон ба ин қдрор омаданд, ки Умар (р) ба Мадина бозгардад ва барои мулоқоти Форсҳо як сарлашкари дигар аз байни мусалмонон ихтиёр кунанд.

Ваамири мӯъминон ба ҳамин фикр розӣ шуд ва баргашта аз ҳамсӯҳбатонаш мепурсид:

Киро лоиқ мебинед, ки ба Ироқ бифиристам?

Онҳо каме хомӯш шуданд ва ба фикр фурӯ рафтанд.

Баъди чандеАбдураҳмон ибни Авф фарёд кард:

Ба таҳқиқ ӯро ёфтам!

Умар гуфт:

Укист?

Абдураҳмон гуфт:

– Шере дар сари панҷаҳояш. Саъд ибни Молики Захрӣ.

Ва дигар мусалонон низ ин фикрро кувват доданд ва халифа ба сӯи Саъд ибни Молики Заҳрӣ кас фиристод. Ин ҳамон Саъд ибни Абиваққос аст ва аморати Ироқ ва сарлашкарии ҷанговаронро ба у супурд.

Пас ин шери дар сари панҷаҳояш кист..? Ин шахс кист, ки ба вақти пеши Паёмбар (с) омаданаш дар ҳоле ки Паёмбар (с) дар миёниасҳоб буд, ӯро хуш омадед мегуфт ва бо ӯ бо чунин суханон шӯхӣ мекард:

Ин таеои ман аст, пас ҳар як мард тагояшро нишон бидиҳад.

Ба дурустӣ, ки ин шахс Саъд ибни Абиваққос аст, бобояш Уҳайб ибни Маноф, амаки саида Омина модари Расули Худо (с) аст.

Ба таҳқиқ ӯ исломро дар синни 17 солагиаш қабул намудааст ва исломи у хело барвақт буд ва ӯ дар бораи худаш чунин ҳикоят мекунад:

–  Бар сари ман рӯзҳое гузашт, ки ман ҳар оина сеяки ислом будам. (Яъне ӯ шахси сеюм аз се нафаре буд, ки ислом оварда буданд).

Дар нахустин рузҳое, ки Паёмбар (с) аз Маъбуди ягона, аз дини ҷадиде, ки Паёмбар (с) хабарҳои хуши башоратии онро мерасонид, сухан гуфтанро оғоз намуд ва қабл аз он ки Паёмбар (с) ҳавлии Арқамро бо ҳамроҳии ёронаш, ки ба имон овардан шуруъ карда буданд паноҳгоҳ қарор дод, Саъд ибни Абиваққос барои байъат дасташро сӯи Расули Худованд (с) дароз кард.

Бо вуҷуди ин ки дар таърихҳо навишта шудааст, ки ӯ баъди ислом овардани Абубакр ба дасти ӯ имон овардааст, шояд он рузҳо ба сабаби онҳоро қаноъатманд намудани Абубакр (р) исломашро ҳамроҳи касони мусалмониашонро эълон карда, чун Усмон ибни Аффон (р), Зубайр ибни Аввом, Абдураҳмон ибни Авф, Талҳа ибни Убайдуллоҳ ошкор карда бошад. Ва ин эълон пештар ислом оварданашро ба тарзи пинҳонӣ манъ намекунад ва ба дурустӣ, ки барои Саъд ибни Абиваққос чандин бузургиҳоест, ки метавонад ба онҳо бинозад ва ифтихор кунад.

Магар ки ӯ аз ин бузургиҳояш танҳо ду чизи бузургашро мунтазам замзама мекард.

Аввалини онҳо: нахустин касе буд, ки дар роҳи Худо тир андохт ва низ аввалин касе буд, ки ба сӯяш тир андохтанд.

Ва дуюмаш: ин ки ӯ ягона шахсест, ки Расули Худо (с) дар рӯзи ҷанги Уҳуд гуфтааст:

Тир кун эй Саъд, падару модарам фидои ту бод!

Оре, ӯ доим ин ду неъмати бузургро замзама мекард ва шукри Худоро ба забон меовард ва мегуфт:

Қасам ба Худо, ба таҳқиқ ман аввалин шахсе ҳастам аз Араб, ки дар роҳи Худо тир андохтааст.

Ва Алӣ ибни Абутолиб мегӯяд:

Ман аз Расули Худо (с) нашунидам, ки касеро падару модарам фидои туст гуфта бошад, магар Саъдро. Пас ба таҳқиқ Расули Худоро шунидам, ки дар рӯзи ҷанги Уҳуд мегуфт:

Тир кун эй Саъд, падару модарам фидои ту бод!

Саъд яке аз шуҷоатмандтарини ҷанговарони Араб ва мусалмон шуморида мешуд ва ӯ ду силоҳ дошт, яке найзааш ва дигаре дуъояш. Вақге дар ҷанг ба сӯи душман тир меандохт, албатта ба нишон мерасид, вақге ки ягон дуъоеро аз Худо талаб мекард, иҷобат мешуд.

У ва дигар дӯстонаш инро аз асари дуъои Паёмбар (с) нисбати ӯ медонистанд. Як рӯз Паёмбар (с) аз Саъд кадом кореро дида хурсанд шуд ва барояш ин дуъои таърихиро кард:

Бор Худоё, тирашро рост гардон ва дуъояшро иҷобат намо.

Ва ҳамчунин ба ин сифат байни бародарон ва дӯстонаш, ки дуъояш монанди шамшер буррост, шинохта мешуд. У низ аз худаш ва ҳолатҳои рӯй додаи худ инро медонист, аз ин рӯ ҳеҷ касеро дуъо намекард, магар ки корашро ба иродаи Худо вобаста менамуд.

Аз ҳамин ҳодисаҳост, ки Омир ибни Саъд ривоят мекунад ва мегӯяд:

Рӯзе Саъд як мардеро дид, ки Алиро дашном медиҳад ва Талҳа ва Зубайрро низ. Пас ӯро манъ намуд, манъ нашуд.

Пас ба ӯ гуфт:

Агар бас накунӣ, дар ҳақат дуъо мекунам.

Он мард гуфт:

Мебинам, ки маро таҳдид мекунӣ, гӯё ки Паёмбар бошӣ!

Саъд бозгашт ва таҳорат кард ва ду ракаъат намоз гузорид. Баъд ҳарду дастро боло намуда гуфт:

-Эй бор Худоё, агар ту медонӣ, ки ин мард ба таҳқиқ дашном дод одамонеро, ки пештар ба онҳо аз ҷониби ту некӣ расидааст ва ба дурустӣ, ки агар он бузургонро дашном додани ин шахс туро дар еазаб оварда бошад, ӯро нишона ва ибрати дигарон гардон.

Пас андак вақте нагузашта буд, ки аз яке аз ҳавлиҳо шутуре ҳаросида баромад, ки ҳеҷ чиз ӯро гардонида наметавонист, то ин ки дар миёни тӯдаи мардум даромад ва гӯё чизеро ҷустуҷӯ мекард.

Пас ба болои он мард ҳуҷум кард, ӯро байни пойҳояш гирифт ва то мурданаш поймолаш кард.

Ба дурустӣ, ки ҳамин ҳоли зоҳиршуда аввалин чизеро, ки огоҳ мекунад, покизагии рӯҳи ӯ ва ростии яқинаш ва амиқии ихлосаш аст.

Ва ҳамчунин буд Саъд, рӯҳаш озод, яқинаш мустаҳкам ва ихлосаш амиқ

Ва ӯ ҳамеша барои мустаҳкам намудани тақвояш аз луқмаи ҳалол ёрӣ меҷуст. У бо як исрори бузург ҳар як дирҳамеро, ки дар он заррае шубҳа бошад, рад менамуд.

Саъд хеле зиндагӣ кард, то ин ки аз ҷумлаи давлатмандон ва сарватмандони мусалмон гашт. Баъди аз дунё гузаштанаш сарвати зиёде боқӣ гузошт. Бо вуҷуди ин ки зиёдатии мол ва ҳалолии он кам вақгҷамъ мешаванд, вале дар пеши Саъд ҷамъ шуда буданд, зеро Худованд ба ӯ бисёр, ҳалол ва покиза дода буд.

Саъд дар бахшиши мол устод буд, чунончи дар талаби покизагии мол устод буд.

Ва қудратмандиашро дар ҷамъ намудани моли ҳалоли холис, қудратмандиаш дар бахшиши мол дар роҳи Худо монандӣ мекард, балки фавқи он буд.

Дар Ҳаҷҷатулвадоъ ӯҳамроҳи Расули Худо (с) буд ва бемор шуд. Паёмбар (с) ба аёдаташ омад.

Саъд аз Расули Худо (с) пурсид:

Эй Расули Худо (с), ман соҳиби мол ҳастам ва ба еайри як духтар ворисе надорам. Оё аз се ҳисса ду ҳиссаи моламро садақа кунам?

Паёмбар (с) гуфт:

-Не.

Гуфт:

Пас нисфашро чӣ?

Паёмбар (с) гуфт:

-Не.

Гуфт:

Пас сеяки моламро чӣ?

Паёмбар (с) гуфт:

Оре, сеяк хеле бисёр аст. Ба таҳқиқ агар ту ворисонатро баъди худат сарватманд бигузорӣ, беҳтар аст аз ин ки онҳоро мӯҳтоҷ гӯзорӣ, то аз мардум биталабанд. Ва ба дурустӣ, ки ту агар чизеро, ки кам аст, нафақа кунӣ еа хотири Худоро талаб дошта бошӣ, савоби онро мегирӣ, ҳатто як луқмаеро, ки дар даҳони занат мегузорӣ.

Он ҳангом Саъд фақат як духтар дошт. Баъдан Худованд чанд писари дигар ба ӯ арзонӣ дошт ва Саъд аз тарси Худо бисёр мегирист. Вақте ки ба мавъизаҳои Паёмбар (с) гӯш медод, чашмонаш аз ашк пур мегаштанд, то ҳадде ки оби дидагонаш рухсораашро тар менамуд.

Ва ӯ марде буд, ки ба неъмати тавфиқ ва қабул аз ҷониби Худо сарфароз шуда буд.

Рӯзе Паёмбар (с)ҳамроҳи асҳоб нишаста буданд. Дар ин ҳол Паёмбар (с) нигоҳашро ба сӯи уфуқ гардонид ва мисли касе ки як сухани гушакӣ ва пинҳониро гӯш мекунад, чанде истод. Баъд аз он руй ба асҳоб намуда гуфт:

Алҳол ба назди шумо як марде аз аҳли ҷаннат меояд.

Асхрб ҳар тараф нигоҳ мекарданд ва он шахси саъодатманди муваффақ ва бонасибро ҷустуҷӯ мекарданд.

Баъди чанд лаҳза Саъд ибни Абиваққос назди онҳо омад.

Рӯзе Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ба сӯи Саъд омад. Ва илтиҷокунон бо исрор аз ӯ мепурсид, ки ӯро тариқи ба Худо наздик шуданро бо роҳи ибодат ва амал нишон бидиҳад, то ӯ низ ба ҳамин неъмат ва башорат сазовор гардад.

Саъд ба ӯ гуфт:

Аз он чизҳое, ки мо ҳамаамон амал мекунем ва ибодат менамоем, чизе зиёдтар нест. Магар ки ман нисбати ягон нафаре аз мусалмонон кина ва бадие дар дилам нигоҳ намедорам.

Ана ҳамин кас аст шере дар сари панҷаҳояш, чунон ки Абдураҳмон ибни Авф ӯро васф намуд.

Ана ин ҳамон шахсест, ки Умар (р) ӯро барои рӯзи Қодисияи бузург ихтиёр намуд.

Дар он ҳол тамоми фазилат ва қобилияти Саъд дар пеши назари амири мӯъминон Умар (р) ҷилвагар мешуд, то ӯро барои душвортарин коре, ки ба ислом ва муслимин мувоҷеҳ шуда буданд, ихтиёр мекард.

Дар ҳақиқат ӯ мустаҷобаддаъват аст, вақте ки аз Худованд нусрат талаб кунад, ӯро медиҳад.

Ба дурустӣ, ки луқмаи ӯ ҳалол, забонаш ҳалол ва қалбу фикраш ҳалол аст.

Ва ӯ яке аз бошандагони биҳишт аст, чунон ки Паёмбар (с) хабар дода буд.

Воқеъан, ӯ яке аз диловарони рӯзи Бадр ва рӯзи Уҳуд ва диловари ҳар як корзор буд, ҳамроҳи Паёмбар (с).

Ва охирин ва муҳимтарин чизе, ки Умар (р) онро фаромӯш намекунад ва аз аҳамият ва қимат ва қадри он барои шахсоне, ки мутасаддии корҳои бузург мегарданд ғофил намемонад, ин салобат ва мустаҳкамии имони ӯст.

Ба дурустӣ Умар (р) воқеъаи рӯзи имон овардан ва пайравӣ намудани Саъд Паёмбарро ва мухолифати модарашро фаромӯш намекунад.

Он рӯз тамоми воситаҳои бозгардонидан ва манъ намудани ӯ аз роҳи Худо бенатиҷа монданд. Пас модараш аз як воситае кор гирифт, ки ҳеҷ кас шубҳа намекард, ки албатта ин кор рӯҳи Саъдро мешиканад ва азиматашро ба сӯи бутпарастии аҳлаш ва хешовандонаш бозмегардонад.

Ба таҳқиқ модари Саъд эълон намуд, ки аз хӯрдан ва ошомидан даст мекашад, то ин ки Саъд ба сӯи дини падарҳояш ва қавмаш бозгардад ва ҳамчунин дар ин тасмими қатъияш дар бобати хӯрок нахӯрдан ва нанӯшидан истодагарӣ намуд, то ин ки қариб ба марг расид.

Ҳамаи ин корҳо мегузаштанд, вале Саъд парвое надошт ва имону динашро ба чизе намефурӯхт, агарчи он чиз зиндагӣ ва ҳаёти модараш ҳам бошад.

Дар ҳоле ки модараш дар дами марг буд, баъзе аз хешовандон Саъдро ба пеши модараш оварданд, то як назари видоъкунанда ба сӯи модараш андозад ва умеди онро доштанд, ки вақте модарашро дар дами марг бинад, дилаш мулоим мегардад.

Саъд бо онҳо рафт ва он ҳолатеро, ки санг аз диданаш мегудозад, дид.

Лекин имонаш болотар аз ҳар санг буд ва аз ҳар пулод. У руяшро ба руи модараш наздик намуда фарёд кард, то модараш бишнавад:

– Эй бидон, қасам ба Худо, агар барои тусад ҷон бошад ва ҳар яке пас аз якдигар аз бадани тубароянд, ман ин динамро барои ҳеҷ чиз тарк намекунам. Пас бихӯр, агар хоҳӣ ё нахӯр.

Пас модараш аз он қасди кардааш бозгашт ва ваҳй бар Паёмбар нозил шуд, ки ин кори Саъдро қарор дод ва таъйид намуд.

Пас гуфт:

Ва агар (падару модар) кӯшиши онро кунанд, ки ту ба ман шарик биёрӣ, як чизеро ки ба он илм надорӣ, пас онҳоро итоъат нанамо. (сураи Луқмон ояти 15).

Пас оё ӯ дар ҳақиқат шери дар сари панҷаҳояш истода нест?

Ин ҳангом амири мӯъминон байрақи Қодисияро дар дасти ӯ дод, то таҳти роҳбарии ӯ Форсҳоро, ки зиёда аз 100 ҳазор ҷанговари варзида ва мусаллаҳ бо ҳама гуна асбоб ва силоҳ ҷамъ шуда буданд ва таҳти роҳбарии беҳтарин лашкаркашон ва доноёни илми ҳарб дар он рӯзҳо дар рӯи замин амал мекарданд, дур биандозад.

Оре, ба сӯи ин лашкари азим ва даҳшатнок, Саъд танҳо бо 30 ҳазор ҷанговар ба майдон баромад. Силоҳи онҳо найза буд. Танҳо найза. Валекин дар дилҳояшон иродаи дини ҷадид буд, бо тамоми мӯҳтавои он. Аз имон, тозагӣ ва иштиёқба сӯи марг ва ба сӯи шаҳодат ва ба сӯи мулоқоти Худованди хеш.

ДУ ГУРӮҲ РӮ ба рӯ омаданд.

Вале не, ҳоло рӯ ба рӯ наомадаанд.

Ба дурустӣ, ки Саъд ин ҷо мунтазири насиҳатҳои амири мӯъминон Умар (р) ва роҳнамоиҳои ӯст. Ва акнун мактуби Умар (р) ба сӯи ӯ омада, ки ӯро ба рафтан ба сӯи Қодисия амр мекунад. Зеро он ҷо дарвозаи Форс аст ва дар дили ӯ чанд суханеро меандозад, ки ҳамааш пур ва ҳидоят аст:

Эй Саъд ибни Вуҳайб, туро магрур насозад ва азХудо дур насозад гуфтори мардум, ки ӯ тагои Паёмбари Худост ва саҳобаи ӯст, зеро байни Худо ва байни ҳеҷ кас хешутаборӣ ва насаб нест, магар ба тоъати ӯ. Ва одамон чӣ бо обрӯ ва беобрӯ дар назди зоти Илоҳӣ баробаранд. Худо Парвардигори онҳост ва онҳо бандагони ваянд. Аз якдигар дар тандурустӣ ва талаби ризҳ пешдастӣ менамоянд (яъне, яке зиёдтар ва дигаре камтар ин чизҳоро ба даст меоранд) ва он чиро ки дар назди Худост (ризоият ва раҳмат) ба тоъат ба даст меоранд. Пас ту дар корҳо назар кун ба он чизе ки Расули Худоро дида будӣ, аз замоне ки мабъус шуд, то вақти аз дунё гузаштанаш, пас ҳамонро лозим бигир, зеро кор ҳамон аст. Аз тамоми ҷузъиёти вазъият ба ман навис, ки чӣ гуна фуруд омадед? Ва душманатон нисбати мавқеи шумо дар куҷо ҷойгир аст ва ба воситаи мактубҳоят маро чунон огоҳ кун, ки гӯё ман ба сӯи шумо назар мекарда бошам.

Ва Саъд низ ба суи амири муъминон навиштан гирифт. Барои у ҳама чизро васф мекард. Ба дараҷае, ки ҷои мавқеи ҳар як аскарро гуё менавишт. Саъд ба Қодисия фуруд омад ва Форсҳо низ лашкар- лашкар ва гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ шуданд. Чунончи ҳеҷ гоҳ инчунин ҷамъ нашуда буданд ва роҳбарии лашкарро машҳуртарин ва хатарноктарин сарлашкари онҳо Рустам ба уҳда дошт.

Ва чун Саъд ба сӯи амири мӯъминон ин гузоришҳоро ирсол намуд, Умар (р) ба сӯи ӯ чунин навишт:

“Туроҳаргизон чӣ аз онҳомешунавӣ, гамнокнасозадва ё он чӣ ба сӯи ту меоранд (аз қувва) ба Худо таваккал кун ва аз ӯ ёрӣ пурс ва ба суи Рустам (сарлашкари Форс) чанд марде аз аҳли назар ва фикр ва шуҷоъро бифирист, то ӯро ба сӯи Худо даъват кунанд. Ва ба сӯи ман ҳар рӯз навис”.

Саъд боз барои амири мӯъминон менависад:

“Рустам лашкаргоҳи худро дар Собот (номи мавзеъ) қарор додааст ва аспҳо ва филҳои зиёдеро он ҷо оварда ва ба сӯи мо ҳаракат дорад”.

Умар (р) ӯро бо оромӣ ҷавоб медиҳад ва роҳнамоияш мекунад.

Ба дурустӣ, ки Саъд, ин ҷанговари зирак ва зарбазананда, тағои Расули Худо (с) ва собиқадори ислом, диловари маъракаҳои ҷанг ва ғазоҳо, он касе, ки шамшер ва найзааш ҳамеша ба ҳадаф мерасад, дар сари лашкар дар яке аз маъракаҳои бузурги таърихӣ истодааст. У мисли як сарбози оддӣ меистад, на мағрурии қувват ва на собиқаи сарлашкарӣ сабаби он намегардад, ки ӯ аз андоза зиёд ба нафси худ такя намояд. Балки ӯ ба амири мӯъминон такя мекунад, ки дар Мадина аст ва байни онҳо масофаи дур мебошад. Пас ба сӯи ӯ ҳар рӯз мактубе менависад ва бо ӯ табодули назар мекунад, дар ҳоле, ки маъракаи ҷанг дар ибтидои оғоз аст.

Сабабаш дар он аст, ки Саъд медонад Умар (р) дар Мадина танҳо фатво намедиҳад ва танҳо ба як қарор намеояд. Балки бо шахсоне, ки дар атрофаш аз мусалмонон ва беҳтарйн асҳоби Паёмбаранд, машварат менамояд. Саъд иродае надорад, ки бо вуҷуди тамоми ҳолатҳои ҷанг худашро ва ЛБшкараШро аЗ баракати машварат ва атову бахшиши он маҳрум созад, хусусан вақте дар маркази он Умар (р), ин шахси илҳомёфтаи бузург қарор дошта бошад.

® ® ®

Саъд васияти Умарро (р) ба ҷо меорад ва ба сӯи Рустам сарлашкари Форс чанд нафар аз ҳамсӯҳбатонашро мефиристад, то ӯро ба сӯи Худо ва ба сӯи ислом даъват кунанд.

Баҳс байни онҳо ва лашкаркаши Форс хеле тӯл мекашад ва дар охир бо ҳамин сухан сӯҳбатро бо ӯ қатъ мекунанд:

Дар ҳақиқат Аллоҳ моро ихтиёр намуд, то ба сабаби мо ҳар киро хоҳад аз махлуқоташ аз парастиши бутҳо ба сӯи тавҳид бозоварад ва аз тангнои дунё ба сӯи фаррохии дунё ва аз ҷабри ҳокимон ба сӯи адли ислом. Пас ҳар ки инро аз мо қабул кунад, мо низ азӯинро қабул дорем ва аз ӯбозмегардем ва касе бо мо ҷанг карданӣ бошад, бар алайҳаш меҷангем, то ба ваъдаи Худованд бирасем.

Рустам мепурсад:

Он ваъдаеро, ки Худованд барои шумо додааст, чист?

Пас он саҳоба ҷавоб медиҳад:

Ҷаннат барои шаҳидони мо ва зафар барои зиндаҳои мо..

Ва ин намояндагон ба сӯи сарлашкари мусалмонон Саъд бозмегарданд, то ӯро хабардор намоянд, ки ба таҳқиқ ҷанг мешавад.

Ва чашмони Саъд аз ашк пур мешавад.

У дӯст медошт, ки маъракаи ҷанг каме таъхир шавад ё каме пештар рӯй медод, зеро ӯ бемор буд ва бемории ӯ вазнин шуда буд ва обила тамоми вуҷудашро пӯшонида буд, ҳатто нишаста наметавонист, чӣ бошад ба болои асп савор шудан ва ба маъракаи хеле сахт даромадан.

Агар маъракаи ҷанг пеш аз бемориаш меомад ва ё каме таъхир мешуд, то беморӣ рӯй мегирифт ва шифо меёфт, он ҳангом ҷаҳду кӯшиши беандозаи хешро менамуд. Аммо ҳоло чӣ? Валекин не, чаро ӯ агар мегӯяд, ҳол он ки Расули Худо (с) онҳоро фаҳмонида буд, ки ягон каси онҳо “агар” нагуянд, зеро “агар” ин калима аз оҷизӣ хабар медиҳад ва мӯъмини қавӣ ҳеҷ гоҳ ночор ва оҷиз намешавад.

Ин ҳангом ҷаста бархост “Шери дар сари панҷаҳояш” ва дар сари лашкараш ба хутба хондан истод ва хутбаашро бо ояти карима оғоз намуд:

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.

“Ба таҳқиқ навишта кардем дар “Забур” аз баъди зикр ин ки заминро бандагони солиҳи ман ба мерос мегиранд”. (Сураи Анбиё, ояти 105)

    Ва баъди аз мавъизааш фориғ шудан, ҳамроҳи лашкар намози пешинро гузорид ва пас рӯ ба сӯи лашкар гардонида чаҳор бор: “Аллоҳу Акбар” гуфт.

Дунё садо дод ва такбирашонро бо ҳамроҳии такбиргуён такрор намуд ва дасташро ба мисли тири гузарон ба пеш дароз намуд, дар ҳоле, ки ба сӯи душман ишора мекард ва дар миёни лашкар фарёд зад:

– Бо баракатҳои Худованд ба пеш бишитобед!

У бо вуҷуди дардмандиаш худро ба болои айвони хонае, ки дар он ҷо фуруд омада буд ва он ҷойро барои фармондиҳии худ марказ интихоб намуда буд, кашида баровард ва дар айвони хона ба болои як гилем бо сандуқи синааш дароз кашид. Дари ҳавлӣ кушода буд ва камтарин ҳуҷум аз тарафи Форсҳо бар болои ҳавлӣ ӯро зинда ё мурда ба дасташон меафтонид, вале ӯ наметарсид ва хавфе намекард.

Обилаҳояш варам карда аз онҳо хун мечакид, вале ӯ аз онҳо фаромӯш карда буд ва ӯ аз болои баландӣ такбир мегуфт ва фарёд мекард ва амру фармонашро барои лашкариён содир менамуд: ба як гурӯҳ мегуфт, ин ки ба сӯи тарафи рост биравед ва ба дигарон мефармуд, ки холигиҳҳои тарафи чапро маҳкам созед. Ба тарафи пешатҳуҷум кун, эй Муғира… ва аз пушташон ҳуҷум кун, эй Ҷарир. Эй Нуъмон, бизан. Эй Ашъас, ҳуҷум кун ва ту эй Қаъқоъ, эй ҳамсӯҳбатони Паёмбар (с), ба сӯи пеш ҳаракат кунед!

Ва овози ӯ, ки ба қуввати азми росих ва орзумандӣ, бақувват шуда буд, аз ҳар афроди лашкар, як лашкари алоҳида муназзам мекард.

Ва лашкари Форс ба ҳар тараф бошиддат парешон мегашт, мисли пашшаҳое, ки боди сахт онҳоро парешон мекунад ва бо ҳамроҳии лашкариёни онҳо бутпарастӣ ва ибодати оташ низ аз рӯи замин рӯфта мешуд.!

Ва фавҷҳои шикастхӯрдаи лашкари Форс баъди кушта шудани сарлашкарашон ва беҳтарин ҷанговаронашон ба ҳар тараф парешон гаштанд ва лашкариёни мусалмон онҳоро то Наҳованд дунболагирӣ намуданд, пас аз он то Мадоин. Пас дар Мадоин даромаданд, то тоҷу тахти Кисроро ба ғанимат бигиранд!

Ва дар муҳорибаи Мадоин корнамоиҳо ва ҷонфидоиҳои бузурге нишон дод. Ва муҳорибаи Мадоин баъди муҳорибаи Қодисия буда, байнашон қариб ду сол фосила аст. Дар ин муддат байни Форсҳо ва мусалмонон даргириҳое идома дошт, то ин ки тамоми дастаҳои пароканда ва боқимондаи лашкари Форс дар Мадоин гирд омаданд ва худро барои задухӯрди охирин ва ҳалкунанда омода менамуданд.

Саъд ба хубӣ эҳсос намуд, ки дароз кашидани вақг ба фоидаи душманонаш аст, пас қарор дод, ки ин бартариро аз дасташон салб намояд. Аммо ин ба ӯ муяссар нагардид, зеро байни ӯ ва байни Мадоин рӯди Даҷла аст, ки дар ҳолати туғён ва баландшавии сатҳи об мебошад.

Ин ҷо Саъд ба қароре омад. Ва ин амалаш собит месозад, ки ӯ дар ҳақиқат “Шери дар сари панҷаҳояш’’аст, чунончӣ Абдураҳмон ибни Авф ӯро сифат намуда буд.

_Ба таҳқиқ имони Саъд ва тасмимгириҳои ӯ ҳароина дар рӯ ба руи хатар медурахшиданд ва ин ду ба корҳои номумкин даргир шуда бо як ҷонфидоии бузург дастболо мешаванд.

Ва ҳамчунин Саъд фармон баровард ба сӯи лашкар, ки Даҷларо убур намоянд ва амр намуд, ки дар наҳри Даҷла як ҷое пайдо намоянд ки гузаштан аз он ҷо мумкин бошад. Ва дар охир як маконеро пайдо намуданд, ки гузаштан аз он ҷой аз хатарҳои бузург холӣ набуд.

Пеш аз он ки лашкариён кори аз наҳр гузаштанро сар кунанд, ин лашкаркаш, Саъд дарк намуд, ки таъмин кардани як ҷое беҳтар дар он тарафи наҳр, ки таҳти нигоҳбонии душман қарор дорад, лозим аст. Дар ин ҳангом ду гурӯҳе тартиб дод.

Катибаи (гурӯҳи) аввалиро “Катибату-л-аҳвол” (гурӯҳи даҳшатҳо) ном ниҳода буданд ва Саъд дар роҳбарии он Осим ибни Амрро таъин намуд. Катибаи дуввумро “Катибату-л- харсоъ” (гурӯҳи бесадоҳо, гунгҳо) ном ниҳоданд ва амири онро Қаъқоъ ибни Амрро таъин намуд.

Ва бар ӯҳдаи ин ду катиба гузаштан аз наҳр ва дар даҳшатҳо фурӯ шудан ва дар он тарафи соҳил пайдо намудани як макони амне буд барои лашкариёне, ки аз пушти онҳо мегузаранд. Онҳо ин вазифаашонро бо як маҳорати ҳайратовар анҷом доданд ва нақшаи Саъд он рӯз хеле муваффақона анҷом ёфт, ки муаррихон аз он дар ҳайратанд. Ин муваффақият худи Саъд ибни Абиваққосро низ дар ҳайрат андохт ва ҳамсӯҳбат ва рафиқаш Салмони Форсиро дар ҳайрат афканд, ки аз ғояти таъаҷҷуб кафи дастонашро ба якдигар мезад ва мегуфт:

Ба таҳқиқ ислом дини нав аст.

Қасам ба Худо, баҳрҳо дар наздаш хору таслим гаштанд, чунон ки хушкиҳо мутеъухор гашта буданд.

Қасам ба Худое, ки ҷони Салмон дар дасти ӯст, ҳар оина шумо гурӯҳ-гурӯҳ аз ин баҳр мебароед, чунон ки гурӯҳ-гурӯҳ даромада будед!

Ва ҳамчунон шуд. Ва чунон ки якҷоя ба наҳри Даҷла даромаданд, боз якҷоя аз он баромаданд, ҳатто як фарде аз лашкар талаф нагардид ва ҳатто як лаҷомро гум накарданд.

Дар ҳақиқат аз дасти яке аз ҷанговарон қадаҳаш дар дарё афтид ва барои ӯ хеле гарон омад. Зеро ӯ ягона шахсе буд, ки дар миёни лашкар аз вай чизе гум шуд ва ӯ ба ёронаш хитоб намуд, ки барои ёфтани он қадаҳ барояш ёрӣ намоянд. Ва мавҷи баланди об он қадаҳро ба як тарафе андохт, ки баъзе аз гузарандагони он ҷо ӯро ёфта гирифтанд.

Ва барои мо яке аз ривоятҳои таърихӣ, он саҳнаи аҷоиберо, ки онҳо аз Даҷла мегузаштанд, қисса мекунад:

Саъд ба лашкариён амр намуд, ки Ҳасбуналлоҳ ва ниъма- л-вакил (Яъне Худо моро басанда аст ва нек вакилест) – ро бигуянд ва худ бо аспаш ба Даҷла даромад ва лашкариён аз пушташ ба наҳр фурӯ рехтанд. Ҳатто якнафар аз амраш тахаллуф наварзид ва дар болои наҳр, чунон ки дар хушкӣ мераванд, равон буданд, то ин ки тамоми болои нахр ва миёни ду тарафи соҳил аз саворон пур шуд ва болои обро аз сабаби бисёрии саворонупиёда дида намешуд. Лашкариёндар вақти гузаштан бо якдигар оромона сӯҳбат мекарданд. Гӯё гумон мекардӣ, ки дар болои замин бошанд. Ин аз он сабаб буд, ки онҳо як оромӣ ва эминиро эҳсос намуда буданд ва ба нусрату ваъдаву ёрии Худованд боварӣ доштанд.

© 0 ©

Аз рӯзе, ки Умар (р) Саъдро волии аморати Ироқ гардонид, ӯ барои мардум сохтмон ва ободониро оғоз кард. Асоси шаҳри Куфаро гузорид ва таҳкурсии исломро дар мамлакати паҳнои васеъ бунён гузошт.

Рӯзе аҳли Куфа назди амири мӯъминон аз Саъд шикоят намуданд. Ба таҳқиқтабиатҳои саркаш ва ноустувори онҳо бар сарашон ғолиб омад ва гумони хандаоваре намуданд. Гуфтанд:

Ба таҳқиқ Саъд хуб намоз хонда наметавонад.

Вақге ин суханро Саъд шунид, аз сидқи дил хандид ва гуфт:

Қасам ба Худо, ҳар оина барои онҳо намози Паёмбарро мехонам. Дар ду ракаъати аввал дароз мекунам ва дар дуи охир кӯтоҳтар.

Уро Умар ба сӯи Мадина бозхонд. У ба ғазаб наомад, балки нидои халифаро дарҳол лаббайк гуфт.

Ва баъди чанд муддате Умар (р) қасд кард, ки ӯро боз ба сӯи Куфа бозгардонад. Баъди ин Саъд хандида чунин ҷавобаш дод:

Оё маро амр мекунӣ, ки ба сӯи қавме бозгардам, ки онҳо гумон мекунанд ман дуруст намозхонда наметавонам?

Ва истоданашро дар Мадина авлотар донист.

Вақте ки ба халифа Умар (р) сӯиқасд шуд, ӯ аз байни саҳобагони Паёмбар (с) шаш нафарро ихтиёр кард то кори таъини халифаи ҷадидро онҳо бубинанд. Ва чунин мегуфт:

Ман ба таҳқиқ шаш нафареро интихоб намудам, ки Паёмбар (с) то дами марг аз онҳо розӣ буд. Ва Саъд низ дар миёни ин шаш нафар буд.

Аз гуфтори Умар (р) чунин зоҳир мегардид, ки агар ӯ халифаро аз миёни саҳобагон ихтиёр мекард, албатта Саъдро интихоб менамуд.

У дар ҳоле, ки бо дӯстонаш васият ва видоъ мекард чунин гуфт:

Агар ихтиёр дар Саъд қарор ёфт, хеле хуб ва агар гайри ӯ дигар кас интихоб шавад, пас аз Саъд талаби ёрӣ кунад (дар корҳояш).

® © е

Саъд умри дарозе дид ва фитнаи бузург пеш омад. Пас аз он фитнаҳо худро канор гирифт. Балки аҳлу авлодашро амр кард, то ин ки чизе аз хабарҳои ин фитнаро ба ӯ наоранд.

Рӯзе гарданҳо ба сӯи ӯ дароз мешаванд ва ба сӯи ӯ писари бародараш Ҳошим ибни Утба ибни Абиваққос омад ва гуфт:

Эй амак, бубин ин ҷо сад ҳазор шамшери бараҳна туро лоиқтарини мардум медонанд дар ин амри хилофат.

Саъд ӯро чунин ҷавоб дод:

Ман аз миёни ин сад ҳазор шамшер шамшереро мехоҳам, ки агар ман ба он мӯъминеро бизанам, ҳеҷ коре накунад ва агар кофирро бизанам, бибурад.

Писари бародараш ғарази уро дарк намуда ба у дигар кордор нашуд ва ӯ дар гӯшанишинӣ ба саломат зиндагонии худро давом дод.

Дар ҳоле, ки кор ба Муъовия тамом шуд ва ҳукм ба дасти у қарор гирифт, аз Саъд пурсид:

Ба ту чӣ шуд, ки бо ҳамроҳии мо наҷангидӣ?

Уро ҷавоб дод:

Ман аз миёни шамоли ториккунандае гузаштам ва ах-ах гуфтам ва шутурамро хобондам, то ин ки дунё равшан гардад.

Муъовия гуфт:

-Дар китоби Худо ах-ах, нест валекин Худованд гуфтааст:

Агар ду гурӯҳи мусалмонон бо якдигар ҷанг кунанд, пас байни онҳо ислоҳ кунед. Агар яке аз онҳо бар болои дигаре зулм кунад, пас дар муқобили он гурӯҳе, ки зулм мекунад ҷанг кунед, то ин ки кор ба сӯи амри Худо хомӯш гардад. (сураи Ҳуҷурот ояти 9)

Ва ту на бо ҳамроҳии ёгӣ будӣ дар муқобили одил ва на бо ҳамроҳии одил дар муқобили ёгӣ.

Саъд чунин ҷавоб дод:

Ман наметавонистам ба муқобили марде биҷангам, (ӯАлй ибни Абутолибро дар назар дошт) ки Паёмбари Худо (с) дар бораи ӯ гуфта буд:

Ту дар баробари ман мисли Ҳорун нисбати Мӯсо ҳастӣ, магар ки баъди ман набие намеояд.

© © ©

Рӯзе дар соли 45 аз ҳиҷрат, ки ин замон умри Саъд аз 80 гузашта буд, ӯ дар ҳавлиаш дар Ақиқ, омода барои мулоқоти Худо мешуд.

Ва фарзандаш барои мо аз лаҳзаҳои охири ҳаёташ чунин ривоят мекунад:

Сари падарам дар канори ман буд ва ӯ ҷон медод. Ман мегиристам.

Гуфт:

Чи туро мегирёнад, эй фарзанд? Ба таҳқиқХудованд маро ҳаргиз азоб намекунад. Ва ба дурустӣ ман аз аҳли Ҷаннатам.

Ба таҳқиқ сахтии имонашро, ҳатто даҳшати марг ва ларзонидани он суст карда наметавонад.

Ба таҳқиқ Паёмбари Худо (с) башораташ дода буд ва ӯ ба садоқати Расули Худо (с) мустаҳкамтарин имон дорад. Пас ин ҳангом тарс аз чист?

Ба таққиқ Худованд маро қаргиз азоб намекунад. Ва ба дурустӣ ман аз ақпи Ҷаннатам.

Акнун ӯ мехоҳад, ки Худовандро дар якҳолате мулоқот кунад, ки ҳамроҳи худ равшантарин ва зеботарин ёдгориеро, ки ӯро бо динаш ҷамъ месозад ва ба Паёмбар (с) мечаспонадаш, дошта бошад ва аз ин лиҳоз ба сӯи сандуқаш ишора мекунад. Онро мекушоянд ва аз он як либоси кӯҳнае, ки фарсуда гашта буд, берун мекунанд. У хонаводаашро амр мекунад, ки ӯро дар ҳамин либос кафан кунанд ва мегӯяд:

Ба таққиқ ман мушриконро дар ҷанги “Бадр” дар қамин либос мулоқот намудам ва ба таққиқ инро барои қамин рӯз захира карда будам.

Оре, ин либоси кӯҳна фақат як либос нест, балки байрақест, дар болои ҳаёти устувори тӯлонии соҳибаш, ки ин зиндагиро ҳамчун мӯъмини содиқва шуҷоъ сипарӣ намуд.

Ҷасади охирин муҳоҷир аз рӯи вафот, дар болои гарданҳои мардон ба сӯи Мадина оварда шуд. То ҷои худро дар осудагӣ, дар ҳамсоягии як гурӯҳ рафиқони неку бузургаш, ки пеш азӯ ба сӯи Худо рафтанд ва ҷисмҳои меҳнаткашидаи онҳо дар хоки Бақиъ ва заминаш ба худ кдроргоҳ ва оромгоҳ ёфтаанд, бигирад.

Видоъ эй Саъд.!

Видоъ эй диловари Қодисия ва фотеҳи Мадоин ва то абад хомӯшкунандаи оташи парастидашуда дар Форс!

Этот пост был создан нашим пользователем с помощью очень удобной и простой формы загрузки. Поделитесь с миром своими постами!

Жалоба

Проголосуйте:

8 баллов
За Против

Автор support_somoni

Добавить комментарий

Талоқ ба хотири волидайн

Суҳайб ибни Синон