Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абрӯ дар хаёл омад

683509 01.12.1964 Репродукция картины "Портрет таджикского поэта Абдурахмана Джами". Художник Иван Леонович Лисиков. Таджикская ССР. Раджабов / РИА Новости

[pl_row]
[pl_col col=12]
[pl_text]

Шабам дар мотами ҳиҷрон ду абрӯ дар хаёл омад

,Ба сина ҳар куҷо нохун задам, шакли ҳилол омад.

Пас аз марг, эй ҳумоюнзоғ, афган устухонамро

Дар он саҳро, ки рӯзе бӯи он мушкинғизол омад.

Равам дар сояи девори он хуршедрӯ мирам,

Чу хоҳад офтоби умрро рӯзе завол омад.

Нишони наълҳои маркабаш ҷӯяд сиришки ман,

Бале, соил ҳамеша моили саффи ниол омад.

Наёяд ҷуз ба хуноби ҷигар дар бар хаданги ӯ,

Ки боғи синаву бӯстони ҷонро чун ниҳол омад.

Зи ҳашмат шояд ар пояш намонад бар замин з-он сон,

Ки сарҳои азизон дар раҳи ӯ поймол омад.

Ба васфи он даҳони танг гуфт аксар сухан Ҷомӣ,

Аз он рӯ ошиқони тангдилро ҳасби ҳол омад.

[/pl_text]
[/pl_col]
[/pl_row]

Этот пост был создан нашим пользователем с помощью очень удобной и простой формы загрузки. Поделитесь с миром своими постами!

Жалоба

Проголосуйте:

29 баллов
За Против

Автор support_somoni

комментарий

Оставьте комментарий

    Добавить комментарий

    Саъдии Шерозӣ "Бо ҷавонӣ сар хуш аст ин пири бетадбирро"

    АҲМАД ЗОҲИР ВА ШОИРОНИ ТОҶИК — I